Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз боздошт ва ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани сокини шаҳри Турсунзода хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 19.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошт ва ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани сокини шаҳри Турсунзода хабар медиҳад, ки муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро вайрон намудааст.
Гуфта мешавад, ки шаҳрванд М.С. Очилдиева, сокини шаҳри Турсунзода, бар хилофи талаботи моддаи 9 қисми 1-и Қонуни миллӣ, ки тибқи он гузаронидани хатнасур ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила ва бе хизматрасонии санъаткорон муқаррар шудааст, амал кардааст.
«Мавсуф 3 июли соли 2019 дар манзили истиқоматиаш бо хизматрасонии санъаткорон ва иштироки зиёда аз 50 нафар хатнасури писарашро бо додани таом аз соати 19:30 то 21:00 гузаронидааст», — афзуд манбаъ.
Ҳамин тариқ, 19 июли соли равон нисбат ба М.С. Очилдиева аз тарафи прокурори шаҳри Турсунзода бо моддаи 481 кисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва барои баррасӣ ба суди шаҳр ирсол карда шуд.
13 августи соли 2019 бо қарори суди шаҳр нисбат ба номбурда барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии мазкур ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (баробар ба 5500 сомонӣ) ба фоидаи давлат ҷарима мукаррар карда шуд.








Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад






