РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Барои бақову ҳастии миллати тоҷик ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ хизмати Чинор Имомов низ назаррас аст

Декабрь 25, 2019 16:07

ДУШАНБЕ, 25.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имсол ба зодрӯзи Чинор Имомов, ки яке аз роҳбарон ва фаъолони ҳаёти сиёсию ҷамъиятии Тоҷикистон дар солҳои 1920 – 1930 – ум, фарзанди ҷоннисор ва содиқи Ватан, оне, ки дар он рӯзгори пурошӯб ва оғози таҳаввулот дар ҳаёти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун шамъ сӯхтаю ба дигарон рӯшноӣ бахшидааст, 121 сол пур шуд.

Зиндагӣ ва кору пайкори яке аз шахсиятҳои сиёсии Тоҷикистон Чинор Имомов, ки номаш дар ҳуҷҷатҳои расмӣ ва сарчашмаҳои дигар ҳамвора дар канори номи фарзандони дигари бошарафи тоҷик, монанди қаҳрамонони Тоҷикистон – Шириншо Шотемур ва Нусратулло Махсум қарор дорад, саросар ибратомӯз ва омӯхтанӣ аст. Ҳаётест оганда аз талошу такопӯ ба хотири пешравии ҷамъият, барқарор кардани сохти муназзами зиндагӣ ва фароҳам овардани замина барои ояндаи дурахшон ва ва бо саодати мардум. Ин нукот қатрае доир ба шахсияти яке аз фарзандони фарзонаи миллати тоҷик, ходими ҷамъиятиву давлатӣ Чинор Имомов аст, ки дар китоби тозанашри «Чинори миллат» дарҷ шудааст. Китоби мазкур ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5500-солагии Саразми бостонӣ бахшида шуда, муаллифи китоб узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Боймурод Шоев мебошад.

Саҳми арзандаи Чинор Имомовро дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ, дар баробари дигар ходимони давлативу ҷамъиятӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд. Аз ҷумла, зимни суханронӣ ба муносибати 80-солагии пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе (20.11.2004) Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: «Дар натиҷаи кӯшишу талошҳои назарраси бисёр ходимони давлативу сиёсӣ ва илмиву фарҳангии тоҷик, аз ҷумла Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Чинор Имомов, Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода ва бисёр дигарон ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ ба маҷрои нави тараққиёт ворид шуд».

«Имомов Чинор (Очилдӣ) соли 1898 дар оилаи камбағал, дар деҳаи Зебони Панҷакент ба дунё омадааст. Соли 1911 дар мактаби маҳаллаи русии Самарқанд хондааст. Баъди хатми омўзишгоҳи ибтидоии олии чорсинфаи Самарқанд (соли 1917) Имомов роҳи муборизаро пеш гирифт ва ғалабаи Инқилоби Октябрро бо хурсандӣ истиқбол кард. Ў ходими ҳизбӣ ва давлатӣ буд. Аз соли 1918 аъзои КПСС буд.

Соли 1918 котиби ташкилоти «Иттифоқи меҳнаткашони мусулмон» мешавад ва дар байни аҳолии маҳаллӣ марксизмро пропаганда мекунад. Соли 1918 раиси кумитаи инқилобии Ўротеппа (имрӯза Истаравшан), баъдтар раиси кумитаи ҳизби коммунисти уезди Ўротеппа интихоб мешавад.

Солҳои 1920-1922 раиси кумитаҳои ҳизбию уездии шаҳрии Ҷиззах ва Самарқанд, соли 1923 ҷонишини якуми раиси КМН ва КХ ИКД-и РАСС Туркистон буд.

Имомов дар ташкил намудани аввалин нашрияи шӯравии  тоҷик «Овози тоҷик» (1924) ҳиссаи калон гузоштааст. Соли 1924 котиби Бюрои ҳизбии Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон, котиби масъули Бюрои ташкилии ПК (б) Ўзбекистон дар РАСС Тоҷикистон буд. Солҳои 1928-1930 дар Донишгоҳи   Коммунистии Ленинград таҳсил кардааст. Солҳои 1924-1928 аъзои Бюрои Осиёмиёнагии КМ ВКП(б), аъзои КМ ва Бюрои КМ ПК(б) Ўзбекистон, солҳои 1930-1935 комиссари маорифи халқ, комиссари халқии тандурустӣ, комиссари халқии адлияи РСС Тоҷикистон, соли 1935 котиби масъули КИМ-и республика, солҳои 1936-1937 мудири корҳои СКХ Тоҷикистон, солҳои 1930-1937 аъзои Бюрои КМ ПК(б) Тоҷикистон, аъзои КИМ-и Тоҷикистон, Ўзбекистон ва СССР интихоб гардидааст. Чинор Имомов соли 1939 аз олам чашм пўшидааст», — омадааст дар Энсиклопедияи советии тоҷик. –  Душанбе, 1980. – Ҷ. 2. – С. 568.

Дар маъхазҳои таърихӣ Чинор Имомов яке аз бунёдгузорони аввалин Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон муаррифӣ мегардад. Бале, Чинор Имомов ҳарчанд умри тӯлоние надидааст, вале дар муддати ин умри кӯтоҳи худ барои таъсиси давлатдории тоҷикон ва нуфузи забони тоҷикӣ корҳои бузургро анҷом додаст. Як нигоҳ ба тарҷумаи ҳол ва номгӯи вазифаҳое, ки Чинор Имомов дар муддати ҳаёташ бар уҳда дошт, баёнгари фаъолияти густурда ва қобилияти баланди ташкилотчигии ӯ мебошад.

Дар китоби «Чинори миллат» дар таҳқиқи рӯзгор ва фаъолияти ин шахси сиёсиву фарҳангӣ ҷанбаҳои муҳими саҳми ӯ дар ташаккули давлатдории тоҷикон ва нуфузи забони тоҷикӣ инъикос ёфтааст.

Чинор Имомов, ҳақиқатан ҳам, инсони дорои қобилияти баланди роҳбарӣ ва шахси соҳибфарҳангу номбардори миллат буд. Дар ҳама ҳолат манфиатҳои миллату давлатро аз манфиатҳои шахсӣ боло меҳисобид. Дар он замоне, ки мардуми дигар ба зуҳуроти зиндагӣ бо «чашми охурбин» менагиристанд, ӯ бо чашми охирбин»-и худ муҳимтарин ормонҳои миллиро тарғибу ташвиқ менамуд. Мактуби Чинор Имомов ва Шириншо Шотемур буд, ки масъалаи таъсиси нахустин газетаи тоҷикӣ – «Овози тоҷик» дар он садо дод. Муаллифони нома дар мавриди нуфузи зиёд доштани мардуми тоҷик сухан ронда, зарурати таъсиси газетаро бо забони тоҷикӣ таъкид карда буданд. Таъсиси рӯзномаи мазкур ба инкишофи забони тоҷикӣ ва муттаҳид сохтани миллат таъсири амиқ мегузошт.

Чинор Имомов дар байни аҳли илму адаб низ ҳамчун шахси фарҳангдӯст ва тарғибгари адабиёти ҳазорсолаи тоҷику форс маҳбубияти хос дошт. Беҳуда нест, ки Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Раҳим Ҳошим ва дигарон Чинор Имомовро чун яке аз симоҳои фаъол ва намоёни ҷумҳурӣ эҳтиром мекарданд. Маҷмӯаи нахустини шеърҳои Лоҳутӣ «Адабиёти сурх» маҳз бо пешгуфтори Чинор Имомов нашр гардида буд.

Чинор Имомов ҳамчун ташкилотчии моҳир барои тайёр кардани кадрҳои маҳаллӣ дар кори мубориза бар зидди босмачиён ва контреволютсионерон, барои ташкил намудани республикаи мустақили халқи тоҷик бо номи Тоҷикистон, барои барқарор ва рушди хоҷагии халқ ва мустаҳкам намудани дӯстии халқҳо дар Осиёи Миёна саҳми арзанда гузоштааст. Ӯ дар ҳайати комиссияи марказии тақсимоти ҳудуди миллии Осиёи Марказӣ шомил шуда, зидди миллатчиён, ки мавҷудияти тоҷиконро инкор мекарданд, рӯйирост ва хеле ҷасурона мубориза мебарад. Дар масъалаҳои миллӣ, бахусус забони бою ғанӣ доштани халқи тоҷик дар саҳифаҳои рӯзномаҳо баромад намуда, дар нашри китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» саҳм гузоштааст. 26 ноябри соли 1924 дар таърихи миллати тоҷик ва тоҷикистониён аввалин ҳукумати халқи тоҷик-Комитети револютсионии РАСС Тоҷикистон ташкил карда шуд, ки дар ҳайати роҳбарии он Чинор Имомов ҳам буд. Чинор Имомов аввалин котиби масъули ташкилоти ПК Тоҷикистон (1924) ва аввалин сарвари комунистони Тоҷикистон  маҳсуб мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки Чинор Имомов аз зумраи фарзандони фарзонаи миллати тоҷик буд, ки солҳои 20-уми асри гузашта бо ҳамсафони худ ҳамеша арзишҳо ва масъалаҳои миллиро боло мегузошт, то ки давлатдории тоҷиконро то ба мақоми Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон расонанд. Родмардони халқи тоҷик Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Садриддин Айнӣ, Чинор Имомов ва ғайраҳо бо талошҳои пайваста ба ин ҳадафи олӣ даст ёфтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар бораи фаъолияти сиёсиву ҷамъиятии Нусратулло Махсум ибрози назар ва чунин зикр намуда буданд: «Мо — наслҳои имрӯза кӯшишу талошҳои фарзандони бонангу номуси миллати тоҷик, аз ҷумла яке аз симоҳои барҷастаи сиёсиву давлатии ибтидои асри гузашта Нусратулло Махсумро дар қатори нахустин роҳбарони мамлакатамон барои ҳамчун ҷумҳурӣ ташаккул ёфтани Тоҷикистон хизматҳои арзанда кардааст, ба таври шоиста қадршиносӣ мекунем. Зеро дар он замони пуртаззод марзу буми имрӯзаи Тоҷикистон бо ҷасорати шахсиву сиёсии Садриддин Айнӣ ва талошҳои пайгиронаи Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Чинор Имомов ва дигар фарзандони сарсупурдаи миллати тоҷик ҳамчун ҷумҳурӣ муайян карда шуд».

Бо такя ба ин гуфтаҳо ва хизматҳои Чинор Имомов меарзад, ки ӯ ҳамчун шахсияти сиёсиву ҷамъиятӣ, ки барои халқи тоҷик хизматҳои шоён кардааст, бо унвонҳои олӣ қадрдонӣ гардад.

Мутаасссифона, бо тӯҳматҳои бадхоҳону нотавонбинон соли 1937 Чинор Имомов бо қарори Колегияи ҳарбии Суди олии ИҶШС ба қатл ҳукм мешавад. Соли 1957 ин шахсияти сиёсию ҷамъиятӣ ва арбоби давлатӣ бо қарори Прокуратураи генералии ИҶШС сафед ва ба сафи ҳизб барқарор  мегардад…

Бекназари АБӮБАКР,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 25, 2019 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

«Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида». Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ китоби олими тоҷик ба нашр мерасад
Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд
Бозиҳои 18-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Институти Гёте санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус баргузор мегарданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Имрӯз дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
«ВАССОФИ ВАТАН». Пагоҳ дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
«ВАССОФИ ВАТАН». 22 ноябр ғолибони фестивал-озмун муайян ва қадрдонӣ мешаванд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Беларус баргузор мегарданд
Дар Маркази фарҳангии мероси исломии «Ярмук»-и Кувайт Шоми мусиқии классикии тоҷикӣ баргузор гардид