«САДДИ ОТАШ». Таҳти ин ном Иттифоқи композиторони Тоҷикистон бахшида ба ҷашнҳои сиёсию таърихии мамлакат балети нав рӯи саҳна меорад
ДУШАНБЕ, 19.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Иттифоқи композиторони Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки соли 2020 бахшида ба ҷашнҳои муҳими сиёсӣ, аз ҷумла 29-солагии Истиқлолияти давлатӣ, 5500-солагии Саразми бостонӣ ва ҷашни байналмилалии Наврӯз балети «Садди оташ»-и Арбоби ҳунари Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ, композитор Қудратулло Яҳёзода ба намоиш гузорад. Тасмими мазкур имрӯз зимни ҷаласаи якҷояи Раёсати Иттифоқи композиторон ва Шӯрои мусиқӣ, ки масъалаҳои омодагӣ ба ин ҷашнҳоро баррасӣ кард, гирифта шуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Хуршед Низом иттилоъ дод.
Бояд тазаккур дод, ки балети «Садди оташ» аз 1 парда ва 4 намоиш иборат буда, ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҷод гардидааст.
Балети мазкур аз ҷониби Шӯрои мусиқии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон қабул гардида, барои саҳнавӣ гардидани он қарори дахлдор қабул гардид.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа ҳамчунин самтҳои фаъолият ва эҷоди асарҳои муосири миллӣ, баланд бардоштани мақоми мусиқии касбии тоҷик дар ҷомеаи муосир, мусоидат дар ташаккули муҳити муосири фарҳангӣ, тарғиби равияҳо ва ҷараёнҳои муосири санъати касбии тоҷик ва тарбияи мутахассисони баландихтисоси соҳаи мусиқии касбӣ аз ҷониби иштирокдорон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки то баргузории ҷашнҳои таърихӣ дар соли 2020 оҳангҳои наву мукаммали композиторони Тоҷикистон омода ва пешниҳод мегарданд.









Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






