Шамсиддин Орумбекзода дар Конфронси вазирони фарҳанги мамлакатҳои ИСЕСКО иштирок дорад
ДУШАНБЕ, 17.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 17 декабр дар шаҳри Туниси Ҷумҳурии Тунис 11-умин Конфронси вазирони фарҳанги Созмони исломӣ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ИСЕСКО) ба кори худ шурӯъ намуд, ки дар он Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ширкат дорад.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар конфронси мазкур баррасии татбиқи Стратегияи инкишофи фарҳанг барои ҷаҳони ислом мавриди муҳокима қарор мегирад. Зеро масъалаи мазкур дар Конфронси 10-ум пешниҳод гардида буд.
Ҳамчунин дар назар аст, ки дар конфронс лоиҳаи барномаҳои фарҳангӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои фарҳангӣ, ки минбаъд бояд амалӣ гарданд, таҳлилу баррасӣ мешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Созмони исломӣ оид ба илм, маориф ва фарҳанг, Созмони ҳамкории исломӣ ва дар маҷмӯъ ба ҳама созмонҳо ва иттиҳодияҳои динӣ назари мусбат дошта, пайваста мекӯшад, то муносибатҳоро дар доираи ҳамкории судманд бо ин созмонҳо ҳарчи бештар таҳким бахшад.
Ёдовар мешавем, ки Созмони исломӣ оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ИСЕСКО) созмонест, ки аз ҷониби Созмони Конфронси Исломӣ моҳи майи соли 1979 таъсис ёфтааст. Ҳадафи созмони мазкур таъмини ҳамбастагии ислом ва ба шакли мувофиқу муосир даровардани он мебошад.
Ҷаласаи 10-уми вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони исломӣ оид ба илм, маориф ва фарҳанг (ИСЕСКО) аз 21 то 23 ноябри соли 2017 дар шаҳри Хартуми Ҷумҳурии Судон доир гардида буд, ки дар он Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд.
11-умин Конфронси вазирони фарҳанги Созмони исломӣ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ИСЕСКО) то 19 декабр идома меёбад.
Акс аз бойгонӣ








«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд






