Соҳибкор маросими хатнасури 200 нафар кӯдаки ятим ва камбизоатро барпо кард
ДУШАНБЕ, 31.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Соли нави 2020 аз ҷониби як нафар соҳибкори ватанӣ хотири беш аз 200 нафар кӯдаки шаҳри Роғун болида гардонида шуд. Мавриди зикр аст, ки ин соҳибкор бо харҷи беш аз 150 000 сомонӣ барои кӯдакони оилаҳои камбизоат, бепарасторону ятимон хатнасур барпо намуда, ба ин қишри ҷомеа туҳфаҳои пулӣ ва солинавӣ тақдим намуд.
Тибқи иттилои мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Роғун Абдулмумин Худойдодов, ин иқдоми хайр аз ҷониби соҳибкор ва бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун роҳандозӣ гардид. Дар ин замина аз ҷониби раиси шаҳр дар ҷаласаи корӣ ба масъулини маркази саломатии шаҳр супориш дода шуд, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин хатнаи кӯдакону наврасонро ба анҷом расонанд.
Хайру эҳсон яке аз фазилатҳои наҷиби инсонӣ ба ҳисоб меравад. Бузургон ва шахсони дуруандеш пайваста аз накӯиву накӯкорӣ ва хайру эҳсон нисбат ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ сухан ронда, ин хислати инсонӣ ва суннати неки ҷавонмардиро дар осори худ васф кардаанд.








ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд






