Соли 2020 татбиқи 23 лоиҳаи нави давлатии сармоягузорӣ оғоз меёбад, — бардошт аз Паёми Пешвои миллат
ДУШАНБЕ, 29.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2020 дар мамлакат татбиқи 23 лоиҳаи нави давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 3,8 миллиард сомонӣ оғоз меёбад.
Тавре аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид, ки ҷиҳати ҳимояву дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар се соли охир дар соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, дорусозӣ, парандапарварӣ, чорводорӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок иловатан 30 намуди имтиёзу сабукиҳо ҷорӣ карда шуданд. Танҳо солҳои 2016-2018 маблағи умумии имтиёзҳои ҷоришуда беш аз 15 миллиард сомониро ташкил намуд, ки ин саҳми Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳибкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиву истеҳсолӣ мебошад.
Ҳукумати Тоҷикистон ба сармоягузории соҳаҳои иқтисодиёт ҳамчун воситаи асосии саноатикунонии босуръат таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар самти беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақим тадбирҳои мушаххас амалӣ карда истодааст.
Дар солҳои 2013-2019 ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат 57,3 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки қариб 30 миллиард сомонии он сармояи мустақим мебошад.
Тибқи санадҳои қабулшуда, ҷалби сармояи хусусӣ бояд афзоиш ёфта, соли 2020 ҳиссаи он нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 10 фоиз расонида шавад.
Солҳои 2013-2019 барои амалисозии афзалиятҳои дар барномаҳо муайяншуда 80 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ гардида, ба иқтисодиёти мамлакат зиёда аз 13,2 миллиард сомонӣ сармояи давлатӣ равона карда шудааст.
Ҳоло дар мамлакат 66 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодаанд, ки маблағи умумии онҳо 32,4 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Вобаста ба ин аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш дода шуд, ки Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазорату идораҳо ва роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки бо истифода аз захираву имкониятҳои иқтисодии мамлакат фаъолияти худро ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва истифодаи воситаҳои дастгириву ҳавасмандгардонии соҳибкорон ҷоннок намоянд.








Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид






