Соли равон 1923 нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ аз ноҳияи Лахш боздид намудаанд

Декабрь 17, 2019 12:48

ЛАХШ, 17.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2019  1923 нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ аз ноҳияи Лахш боздид намудаанд. Аз инҳо 193 нафар сайёҳони хориҷии кӯҳнавард буда, сайёҳони дигар аз мавзеъҳои дилфиреби ноҳияи  зебоманзари Лахш дидан карданд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Лахш Хуршед Икромӣ иттилоъ дод.

Дар ҳудуди ноҳияи Лахш,  дар масофаи 26 километр дуртар аз маркази ноҳия мавзеи табобатии Тандиқул ҷойгир аст, ки бо оби шифобахшаш дар тамоми ҷумҳурӣ ва берун аз он машҳур аст. Гармчашмаи Тандиқул ё худ ҳавзи сӯзон барои бемориҳои ҷигар, пӯст, асаб, тарбод ва дигар касалиҳо давобахш мебошад. Илова бар ин тибқи гуфтаҳои табибон, оби гармчашмаи мазкур барои бемориҳои занона, махсусан безурётӣ фоидаи самарабахш медиҳад. Оби ин гармчашма аз таги замин фаввора зада баромада, ҳарорати он 950 мебошад. Инчунин 2 метр дуртар аз ин гармчашма боз  аз таги замин чашмаи оби хунук ҷорӣ аст, ки дидани он ба ҳар шахс ҳаловати тоза мебахшад.  Мавзеи Тандикул зебову дилфиреб буда, дар макони зебое  ҷойгир шуда, диққати садҳо сайёҳони хориҷиву дохилиро ба худ ҷалб менамояд. Илова бар ин мавзеи зикргардида дар канори дарёи Тандиқул ҷойгир гаштааст, ки дар он сохтани  НБО – и хурд (20 кВт) ба мақсад мувофиқ мебошад. Соли 2019 ба мавзеи табобатии Тандиқул баҳри истифода аз  гармчашмаи сӯзон 1730 нафар ташриф овардаанд, ки аз ин шумора 130 нафарашон аз давлатҳои Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Россия мебошанд.

Мавзеи табобатии Тандиқулро меҳмонону сокинон танҳо дар мавсими гармо истифода менамоянд. Чунки гармчашмаи Тандиқул дар байни кӯҳҳои осмонбус ҷойгир буда, дар фасли зимистон истифода  намудани он  ғайриимкон аст. Ҳамчунин мушкилоти асосӣ дар гармчашмаи Тандиқул- ин пеш аз ҳама, набудани шароити зарурӣ барои сайёҳон, аз қабили ҳаммоми замонавӣ, меҳмонхонаҳои ба талаботи муосир ҷавобгӯ, ошхона, дастшӯйгоҳҳои муосир ва роҳи мошингарди замонавӣ аз маркази ноҳия то  ин мавзеъ  ба ҳисоб меравад.

Ноҳияи Лахш (собиқ ноҳияи Ҷиргатол) яке аз ноҳияҳои дурдасти мамлакат буда, дар баландии  зиёда аз 1500 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад ва зиёда аз 95% ҳудуди онро қаторкӯҳҳо ташкил медиҳанд. Ноҳия барои рушди  соҳаи сайёҳӣ, махсусан туризми экологӣ ва кӯҳию варзишӣ  хеле мусоид мебошад. Иқлими хушбоду ҳавои форам, табиати дилфиреб ва манзараҳои зебою дилкаш имконият медиҳанд, ки соҳаи сайёҳӣ дар ноҳия рушду тараққӣ намояд.

Ноҳияи Лахш дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ имкониятҳои хеле зиёд дошта, дар мавриди истифода бурдани ин имкониятҳо давоми солҳои оянда метавон  шумораи зиёди сайёҳони хориҷиро аз мамолики гуногуни ҷаҳон ҷалб намуд.

Бо мақсади  шинос шудан бо мавзеъҳои сайёҳии ноҳия  солҳои 2009-2012 беш аз 1600 нафар сайёҳ аз Россия, Украина, Чехия, Эрон, Булғория, Франсия, Германия, Туркия  ва дигар кишварҳои дунё ба ин ҷо ташриф овардаанд, ки  ин нишондиҳанда   нисбат ба солҳои 2005-2006 ду маротиба зиёд  мебошад.

Аз соли 2010 инҷониб ҳамасола аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии «Шӯрои рушди туризм»  экспедитсияҳои байналмилалии кӯҳнавардӣ барои фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ доир карда мешаванд. Экспедитсияҳои мазкур тавассути ҳудуди ноҳияи Лахш сурат мегиранд.

Онҳо бо иштироки варзишгарону кӯҳнавардони зиёда аз 15 кишвари хориҷӣ доир мегарданд. Чунончӣ, соли 2016 дар экспедитсияи зикргардида 158 нафар кӯҳнавард аз 16 давлати дунё ширкат намуда буданд.

Соли 2017 зиёда аз 79 нафар сайёҳон аз 15 давлати дунё дар экспедитсияи кӯҳнавардӣ, ки тавассути ҳудуди ноҳия сурат гирифт, иштирок намуданд.

Сайёҳон ва кӯҳнавардон пеш аз оғози экспедитсия якчанд рӯз барои мутобиқшавӣ ба шароити иқлими минтақаҳои баландкӯҳ дар маркази ноҳия будубош намуда, сипас қисмати асосии ин шумора ба воситаи чархбол то майдончаи «Москвина» интиқол дода мешаванд. Шумораи ками онҳо тибқи нақшаи қаблан мувофиқашуда ин масофаро то нуқтаи таъйинот пиёда тай менамоянд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 17, 2019 12:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад