ТАСС: Дивизиони С-300ПС-и Россия ба навбатдории ҳарбӣ-таҷрибавӣ дар Тоҷикистон шурӯъ намуд

Декабрь 19, 2019 11:18

ДУШАНБЕ, 19.12.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Дивизиони мушакии зидди ҳавопаймои С-300ПС   дар ҳавзаи таълимии пойгоҳи низомии 201-и Федератсияи Россия, ки дар Тоҷикистон  мустақар аст, бори аввал ба навбатдории   ҳарбӣ-таҷрибавӣ шурӯъ намуд. Дар ин бора генерал-полковник, фармондеҳи Округи марказии ҳарбии Россия  Александр Лапин рӯзи чоршанбе, 18 декабр,  ба хабарнигорон иттилоъ дод, менависад ТАСС.

«Боз як рӯйдоди муҳим дар масъалаи тақвияти ҳамкории байналмилалии ҳарбӣ- ин декабри соли равон ба навбатдорӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштани мушаки зидди ҳавопаймои  С-300ПС  буд. Вазифаи асосии он муҳофизати иншооти пойгоҳи низомии 201-и Россия  аз ҳамлаҳои кайҳонӣ ва инчунин мудофиаи ҳамаҷонибаи ҳавоӣ ва амнияти дастаҷамъии минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад»,-  хабар дод Лапин.

26 октябр бори аввал маҷмӯи  зиддимушакии С-300ПС ба  пойгоҳи ҳарбии 201-и Россия  ворид гардид. Ба ҳайати дивизион тақрибан 30 адад таҷҳизот, аз ҷумла нуқтаҳои фармондеҳӣ, мушакҳо, радиолокаторҳо, системаҳои нишонгирӣ ва инчунин мошинҳои таъминкунанда дохил шуданд.

Системаи дифои зиддимушакии ЗРС С-300ПС   барои муҳофизати иншооти муҳими низомӣ, гурӯҳҳои қӯшунҳо, марказҳои маъмурӣ ва саноатӣ аз ҳамлаи ҳама намудҳои ҳавопаймоҳо ва чархболҳо, мушакҳои ҳавоӣ, дигар воситаҳои  ҳамлаи аэродинамикӣ ва     мушакҳои аэробалистикӣ ва баллистикии таъйиноти амалиёти фаврӣ-тактикӣ пешбинӣ шудааст.

Пойгоҳи низомии 201, ки дар Тоҷикистон ҷойгир  аст, бузургтарин иншооти низомии Россия берун аз қаламрави  он мебошад. Он дар ду шаҳр — Душанбе ва Бохтар ҷойгир мебошад. Тибқи қарордоде, ки моҳи октябри соли 2012 ба имзо расидааст,  ин қисми низомӣ дар Тоҷикистон то соли 2042 боқӣ хоҳад монд.

Декабрь 19, 2019 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид