УМУРИ БОНКДОРӢ. «Спитамен Бонк» ва «Росселхозбонк» муносибатҳои мустақими муросилотӣ барқарор намуданд

Декабрь 22, 2019 14:26

ДУШАНБЕ, 22.12.2019/АМИТ «Ховар»/. 18 декабр ҶСП «Спитамен Бонк» ва  «Росселхозбонк» (ҶС «Бонки хоҷагии қишлоқи Россия») ҷиҳати  ба роҳ андохтани  муносибатҳои мустақими муросилотӣ созишнома ба имзо расониданд, ки дар натиҷаи он суратҳисобҳо бо се асъори асосӣ кушода шуданд: доллари ИМА, ввро ва рубли русӣ, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод бо «Спитамен Бонк».

Дар фаъолияти худ  «Спитамен Бонк» кӯшиш менамояд, ки ҳамкориҳои дарозмуддати мутақобилан судмандро тавассути васеъ намудани робитаҳои муросилотӣ бо бонкҳои пешрафтаи ҷаҳон густариш диҳад.

Мавҷудияти ҳисобҳои муросилотии мустақим ба «Спитамен Бонк» имконият медиҳад, ки ба мизоҷон доираи васеи хизматрасониҳоро бо асъори хориҷӣ, ки дар амалияи байналмилалӣ татбиқ мешаванд, пешниҳод намояд.

Маълумоти муфассалро дар бораи шартҳои ҳисоббаробаркуниҳои мустақими муросилотӣ аз наздиктарин филиал ва Марказҳои хизматрасонии бонкии Спитамен Бонк, аз сомонаи расмӣ бо суроғаи https://www.spitamenbank.tj ва ё тавассути рақамҳои Маркази тамос (Call-цент): (+992) 44 640-65-65 (зангҳо ба рақами кӯтоҳи 6565 аз ҳамаи ҳамаи операторони мобилӣ — ройгон) дастрас кунед.

Декабрь 22, 2019 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5600 то 9.5700 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид