«Вестерн Юнион» ояндаи наздик ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо пайваст мешавад

Декабрь 9, 2019 17:12

ДУШАНБЕ, 09.12.2019./АМИТ «Ховар»/. Низоми пардохтии «Вестерн Юнион» дар ҳоли пайвастшавӣ ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо қарор дошта, рӯзҳои наздик тавассути он интиқоли маблағҳо ба Тоҷикистон имконпазир мешавад.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, айни замон низомҳои пардохтии «Юнистрим» ва «Контакт» ба маркази мазкур пайваст шуда, интиқоли маблағ бемамониат анҷом пазируфта истодааст.

Гуфта мешавад, ки тавассути Маркази миллии протсессингӣ идораи амалиёти интиқолӣ  ба маротиб осон гардида, барои иштирокчиёни амалиёти интиқоли маблағҳо ба манфиат аст. Он ҳамзамон хатари зарарбинии ташкилотҳои молиявиро ҳангоми муфлисшавии низомҳои интиқоли маблағҳо ба сифр баробар менамояд.

Бо назардошти омилҳои мусбати ин марказ ташкилотҳои қарзии молиявии ҷумҳурӣ тадбирҳои муҳим аз ҷумла, истифодаи кортҳои пластикӣ дар амалигардонии интиқолҳои пулиро роҳандозӣ намуда истодаанд.

«Спитамен Бонк» яке аз аввалин ташкилоти молиявие мебошад, ки барои интиқолгирандагон кортҳои байналмилалии Корти Миллӣ/UnionPay- ро ба таври ройгон ба роҳ мондааст.

Ёдовар мешавем, шурӯъ аз 3 декабри соли 2019 тамоми интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ тавассути низомҳои пардохтие, ки ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо пайваст гардидаанд, амалӣ гардида истодааст.

Декабрь 9, 2019 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5600 то 9.5700 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд