Ҳифзи муҳити зист қарзи шаҳрвандист. Ҷаримаи 222 нафар сокинони шаҳри Турсунзода

Декабрь 11, 2019 11:49

ДУШАНБЕ, 11.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади беҳдошти ҳифзи муҳити зист ва тозагии  маҳалу оби нӯшокӣ мутахассисони Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ то имрӯз нисбат ба 222 нафар шаҳрвандон санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 31 075 сомонӣ ҷарима намуданд.

Тибқи иттилои сардори Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода Лоиқ Раҳмонов, аз 222 нафар ҳуқуқвайронкунандагони тартибот танҳо 127 нафари онҳо барои ифлоскунии муҳити зист ва партофтани партовҳои гуногун дар ҷойҳои ҷамъиятию соҳили дарёҳо ҷарима шудаанд.

Мувофиқи иттилои мутахассисони шуъба, ҳолати санитарию беҳдоштии оби ошомиданӣ дар шаҳри Турсунзода  таҳти назорати ҳамешагии  шуъбаи ҳифзи муҳити зист ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр қарор дорад.

Инчунин дар асоси нақшаи чорабиниҳо ҷиҳти ислоҳи вазъи обрасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025 бо мақсади таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ дар шаҳри Турсунзода татбиқи Барномаи беҳтарсозии вазъи таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ барои солҳои 2007-2020 дар асоси Созишномаи сармоягузорӣ миёни Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида истодааст.

Маблағи созишнома 6,8 млн долларро ташкил медиҳад, ки аз ин 4,5 млн доллар ҳамчун грант ва 2,3 млн доллар қарз мебошад. Дар асоси ин барнома корҳои сохтмонии иваз кардани қубурҳои обгузар, бунёди обанбор, кам кардани талафоти оби ошомиданӣ ва насби обченкунакҳо ба андозаи 96 фоиз ба анҷом расонида шудааст.

Декабрь 11, 2019 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд