Барномаи нави мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои рушд ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ мусоидат менамояд
ДУШАНБЕ, 28.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. 30 декабри соли 2019 дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи мазкур барои се сол қабул гардида, тадбирҳоро оид ба таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, миёнаравӣ дар бозори меҳнат, тайёрии касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси бекорон, дастгирии фаъолияти соҳибкории бекорон, ташкили корҳои ҷамъиятии музднок, таъйин ва пардохти кумакпулӣ барои давраи бекорӣ, эҳёи намудҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ, расонидани хазматрасонии машварати касбӣ, дастгирии иҷтимои муҳоҷирони ба Ватан баргашта ва мусоидат ба шуғли занону ҷавононро дар бар мегирад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ зикр карданд, ки «мо ба масъалаи таъсиси ҳарчи бештари ҷойҳои корӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ҳунарҳои мардумӣ ва шуғли хонагӣ диққати зарурӣ медиҳем. Ҳоло дар мамлакат дар зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯи 97 ихтисос, дар марказҳои таълими калонсолон аз рӯи 57 ихтисос ва дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯи 166 ихтисос, дар маҷмӯъ, аз рӯи 454 ихтисос кадрҳои коргарӣ омода карда мешаванд».
Дар ин робита ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ супориш дода шуд, ки сифати таҳсилот ва касбомӯзиро дар муассисаҳои таълимӣ беҳтар созад ва ихтисосу ҳунарҳоеро, ки барои ҷумҳурӣ заруранд, таъсис дода, ҷиҳати бо шуғл фаро гирифтани сокинони мамлакат, бахусус, занону духтарон тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ намояд.
Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини сардори Раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Садриддин Ҳамидов зикр кард, агар барномаҳои қаблии мусоидат ба шуғли аҳолӣ ду солро дар бар мегирифтанд, Барномаи нави он барои се сол тарҳрезӣ шудааст. Агар Барномаи пешини мусоидат ба шуғли аҳолӣ (2018-2019) ҷиҳати бо ҷойи кор таъмин намудан ва дигар масъалаҳои ба шуғл фарогирии шаҳрвандон 79 ҳазору 600 нафарро дар бар мегирифт, Барномаи нав имкони дар баргирии 198 ҳазор шаҳрвандро дорад. Вобаста ба эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар мамлакат ба Барномаи мазкур боби махсус ворид гардидааст. Ҳадафи шомилсозии боби мазкур рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ба касбомӯзӣ ҷалб намудани шаҳрвандоне мебошад, ки ба омӯзиши онҳо шавқу рағбат доранд.
«Тибқи Барномаи нави мусоидат ба шуғли аҳолӣ 12 ҳазор нафар ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ҷалб гардида, ба 1510 нафар шаҳрвандоне, ки хоҳиши фаъолияти соҳибкориро дар ҷодаи ҳунарҳои мардумӣ доранд, қарзҳои имтиёзнок дода мешаванд. Ҳамчунин 37 ҳазору 800 нафар шаҳрванди бекор ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, дар се соли оянда дар муассисаҳои «Маркази таълими калонсолон»-и низоми вазорат 54 ҳазору 338 нафар шаҳрванд ба таври ройгон ба касбомӯзӣ ҷалб карда мешаванд», — афзуд номбурда.
Ба гуфтаи Садриддин Ҳамидов, дар доираи амалишавии Барномаи мазкур ба 13 ҳазору 950 нафар қарзи имтиёзнок дода шуда, 17 ҳазору 783 нафар шаҳрванд ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки тавассути Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2019, дар маҷмӯъ 76 374 нафар шаҳрванд бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд.
Аз ҷумла, соли 2019 ба воситаи ҷойҳои кории бандшуда (квотаҳо) 6634 нафар ва тавассути ташкили корҳои фардӣ 3981 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд. Дар асоси 230 шартномаи тарафайн бо корхонаву ташкилотҳо 5511 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ва 17900 нафар тибқи роҳхатҳои мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ (барнома) дар марказҳои таълими касбии низоми Агентӣ ба омӯзиши касбӣ фаро гирифта шуданд. Ба 11 229 нафар бинобар аз даст додани ҷойи кор ба муддати то 3 моҳ кумакпулӣ барои бекорӣ пардохт гардид. Бо мақсади мусоидат барои дарёфти ҷойи кори муносиб барои шаҳрвандон 752 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуд. 15884 нафар шаҳрванди бекор ва корҷўён ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб шуданд. Аз ҷумла, тавассути баргузор намудани ярмаркаҳо 7846 нафар корҷў соҳиби ҷойи кор гардида, ба 6549 нафар роҳхат барои касбомўзӣ дода шуд. Дар ин давра 1489 нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардида, ба 33295 нафар шаҳрванд хизмати касбӣ расонида шуд.
Ҳамин тавр, соли 2019 аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар маҷмӯъ ба 238 108 нафар шаҳрванд хизмати иҷтимоӣ расонида шуд.
Дар ин давом, ҷиҳати дастгирӣ ва эҳёи намудҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ тавассути мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба 1272 нафар шаҳрванди бекор ба андозаи 3 миллиону 722 ҳазору 305 сомонӣ кумаки молиявӣ дода шуд. Таҳлили таркибии самтҳои фаъолияти соҳибкории шаҳрвандони бекоре, ки феълан ба рушди ҳунарҳои мардумӣ машғуланд, нишон медиҳад, ки онҳо асосан ба дўхтани либосҳо ва нақшу нигори миллӣ, бофандагӣ, кандакорӣ ва истеҳсоли маснуот аз чӯб, кулолгарӣ, заргарӣ, коркарди фулузот, пухтани маҳсулоти нонӣ, таомҳои миллӣ, ресандагӣ ва равғанбарорӣ (ҷувозкашӣ) машғул мебошанд.
Аз ҳисоби маблағҳои буҷети Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълими касбии калонсолон 17 900 нафар ба касбомўзӣ ҷалб гардида, ҳамчунин дар ин давом тавассути худмаблағгузорӣ 11244 нафар ба курсҳои кӯтоҳмуддат, 6828 нафар ба воситаи дигар созмонҳо ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, бо Тартиби амалисозӣ ва расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон ва валидатсия 12628 нафар шаҳрвандон бо шаҳодатномаҳо тасдиқ гардиданд. Дар маҷмӯъ тавассути марказҳои таълими касбии калонсолон 48 600 нафар ба тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомўзӣ ҷалб гардиданд. Инчунин 11 699 нафар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбиро ройгон ва 9124 нафар онҳоро тавассути худмаблағгузорӣ хатм намуданд. Ҳамзамон бо мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо роҳхатҳои иловагӣ 42 242 нафар шаҳрванд ба воситаи дигар марказҳои таълимии ҷумҳурӣ тавассути худмаблағгузорӣ ба курсҳои тайёрии касбӣ сафарбар шуданд.
Соли 2019 бо мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар муассисаҳои таълимии низоми Агентӣ ва дигар муассисаҳои таълимии дар ҷумҳурӣ фаъол 18273 нафар занону духтарони хонанишин ва шаҳрвандон ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили «Қолинбофӣ»- 776 нафар, «Қуроқдўзӣ»-1125, «Бофанда»- 1361, «Гулдўзӣ»-1347, «Дӯзанда»- 8521, «Сӯзанидӯзӣ»- 165, «Арғувон»-25, «Кешбофӣ»-12, «Оҳангарӣ»- 255, «Дуредгарӣ»-594, «Адрасбофӣ»-1003, «Намадбофӣ»-57, «Ҷомадӯзӣ»-79, «Бофандаи маҳсулоти пашмин»-60, «Зардӯзӣ»-276, «Кулолгарӣ»-79, «Сабадбофӣ»-193, «Тоқидӯзӣ»-139, «Дӯзанда-буранда»- 37, «Мӯҳрабофӣ»-108, «Дӯзанда-гулдӯз»- 258, «Ҷӯроббофӣ»-80, «Наққошӣ»-26, «Чакандӯз»-600, «Кандакорӣ»- 292, «Дӯхти либосҳои миллӣ»-54, «Табақтарошӣ»-13, «Пухтупази таомҳои миллӣ»-75, «Рӯймолдӯз»-15, «Нонпаз»-71, «Кӯрпачадӯз»-17, «Мебелсоз»-33, «Чакмандӯз»-34, «Заргарӣ»-75, «Қарамадӯз»-20, «Ресанда»-20, «Ҳайкалтарош»- 40 ва «Попурдўзӣ»- 338 нафар ҷалб гардиданд.
Хотиррасон мешавем, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ироакардаашон аз 26 декабри соли 2019 Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, инчунин раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор карданд, ки дар муддати панҷ соли оянда шаҳрвандони аз 18-сола болоро, ки шуғл надоранд, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намуда, ҷиҳати саросар соҳибкасб кардани аҳолӣ тадбирҳои ҷиддиро роҳандозӣ намоянд.
Дар ин замина зарур аст, ки барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 таҳия гардида, ҷиҳати иҷрои он тадбирҳои мушаххас андешида шавад.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»