БИСЁРЕ АЗ СОКИНОНИ ДУШАНБЕРО БЕМОРИИ СИРОЯТӢ АЗ ПОЙ АФТОНД. Аз рӯйи аломатҳо ин беморӣ ба зуком монанд аст, лекин дар бисёр ҳолатҳо ҳарорат баланд нагардида, бинӣ сероб намешавад

Январь 12, 2020 08:20

ДУШАНБЕ, 12.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе бисёре аз сокинони хурду бузургро бемории сироятӣ аз пой афтонд. Тавре «Азия Плюс» менависад, «аз рӯйи аломатҳо ин беморӣ ба зуком (грипп) монанд аст, лекин дар бисёр ҳолатҳо ҳарорати одам баланд нашуда, бинӣ ҳам сероб намешавад».

Сардухтури беморхонаи сироятии пойтахт Мунира Каримова дар бораи дар кадом ҳолат ба табиб дарҳол муроҷиат намудан ва дар сурати табобат накардани беморӣ чӣ мешавад ба «Азия Плюс» нақл кард.

«Ҳозир мавсими сирояти шадиди вируси роҳҳои нафас, аз ҷумла, зуком аст. Табиист, ки ин гуна бемориҳо аз серобшавии бинӣ, сулфа, заифӣ ва дардҳои тамоми ҷисм оғоз мешаванд. Ин аломатҳои возеҳи бемории вирусӣ мебошад. Дар мо ин «мавсими беморӣ» моҳи сентябр оғоз шуда, то моҳи апрел идома меёбад», — мегӯяд ӯ.

Ба гуфтаи сардухтур, сирояте, ки имрӯзҳо дар шаҳр «сайругашт дорад», зукоми оддист. «Чунин ҳолатҳое мешавад, ки шахс ҳарорати баланд надораду бинӣ ҳам сероб нест. Хоболудӣ аломати олудашавии бадан мебошад. Ҳамаи ин мавсимист», — итминон медиҳад Мунира Каримова.

Баъзе беморон бо ҳарорати баланди бадан қай мекунанд, ки барои зуком ғайримаъмулист.

«Бархе аз волидон иштибоҳан чунин мешуморанд, ки ҳароратро бе ҳароратсанҷ (термометр) бо даст метавон муайян кард. Аз аломатҳо онҳо танҳо хунукии нӯги дастону пойҳоро қайд мекунанд. Гап сари он аст, ки сардии нӯгҳои дасту пой бо ҳарорати баланд аввалин аломати рагкашӣ аст. Аз ин рӯ, ҳароратро танҳо бо ҳароратсанҷ муайян кардан лозим аст, чунки дар муқоиса бо санҷидани даст он хеле баландтар буда метавонад», — шарҳ дод сардухтур.

Бино ба гуфтаи ӯ, роҳи асосии пешгирии беморӣ машғул шудан ба варзиш, сайругашт дар ҳавои тоза ва истеъмоли меваи тару тоза мебошад.

Агар касе аз аҳли оила аллакай ба беморӣ гирифтор шуда бошад, риояи гигиенаи шахсӣ (пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, истифодаи дастпокчаҳо (салфеткаҳо)-и якдафъаина ва ғайра) ҳатмӣ буда, ҳамчунин нӯшидани оби бисёр ва истеъмоли меваҳои дорои витамини С тавсия дода мешавад.

Донистан муҳим аст: дар сурати пайдо шудани аломатҳои аввалини беморӣ ба табиби дармонгоҳи наздиктарини хона муроҷиат кардан зарур аст. Агар шабона ҳарорат баланд шавад, ба беморхонаи сироятӣ муроҷиат кардан мебояд, ки шабонарӯзӣ кор мекунад. Агар кӯдак бемор шавад, ба Беморхонаи кӯдаконаи сироятии шаҳр муроҷиат кунед.

Ҳамчунин Мунира Каримова зикр менамояд, ки дар вақти хунукӣ вируси шадиди роҳҳои нафас хеле мустаҳкам буда, дар масофаи 1 метр ба шахси дигар гузашта метавонад.

Табиб ҳамчунин таъкид менамояд, ки дар сурати таваҷҷуҳ накардан ба вируси шадиди роҳҳои нафас, шахс метавонад ба бемории шохаҳои роҳи нафаскашӣ (бронхит), илтиҳоби пардаҳои майна (менингит), норасоии нафаскашӣ ва варами гӯш ва кӯдакон ба касалии шохаҳои роҳи нафаскашӣ ва варами шуш (пневмония) гирифтор шаванд.

Акс аз бойгонӣ

Январь 12, 2020 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд