ЧАРО МАРДУМ КАМ КИТОБ МЕХОНАНД? Мулоҳизаҳои коршиноси АМИТ «Ховар» дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат

Январь 10, 2020 12:27

ДУШАНБЕ, 10.01.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, сохторҳои илмӣ, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот дастур доданд, ки ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ чопи китобҳои бадеиро зиёд намуда, дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону хонандагон ба роҳ монда, иҷрои онро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд. Дар ин замина Президенти мамлакат аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки дар солҳои 2014-2019 аз ҳисоби Вазорати маориф ва илм қариб 6 миллион нусха ва аз ҳисоби Вазорати фарҳанг беш аз 2 миллион нусха китобҳои бадеӣ ба нашр расида бошанд ҳам, вале як қисми онҳо ба гардиш ворид нагардида, то ҳол дар анборҳо нигоҳдорӣ мешаванд.

Чаро чунин аст? Чаро миллати аз қадим соҳибтамаддуну ботарбия, бодонишу илмпарвари мо имрӯз китоб намехонад?

Чаро модаре, ки ҳанӯз аз хурдӣ ба зери болини фарзанд китоб монда, ба қавле «коми ӯро бо сухан мебардошт», имрӯз барои илму дониш андӯхтани фарзандони хеш талош намекунад?

Дар ин маврид коршиноси АМИТ «Ховар», мудири кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Зафари ШАРИФ андешаҳояшро чунин баён  медорад:

Зафари Шариф, мудири кафедраи ДДФСТ

— Барои хуб ба роҳ мондани фарҳанги китобу китобхонӣ ду корро бояд анҷом дод: нахуст, бояд таҳқиқоти ҷомеу амиқи илмӣ роҷеъ ба вазъияти китобхонӣ дар Тоҷикистон сурат бигирад, то омилҳои паст шудани сатҳи китобхонию китобдӯстӣ муайян шаванд; дуюм, баъд аз анҷоми таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин масъала бо ҷалби мутахассисони соҳаи китобдорӣ барномаи вижаи тавсеаи фарҳанги китобхониро дар ҷомеа бояд таҳия кард ва барои иҷрои он шароити мусоид фароҳам овард. Вазорату идораҳои дахлдор бояд барои тарғибу ташвиқи китобу китобхонӣ корҳои амалию таъсирбахш анҷом диҳанд. Роҷеъ ба ин масъала дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бояд ҳафтае як соат барои мутолиаи китоб ҷудо карда шавад, то наврасону ҷавонон бо фарҳанги китобхонӣ шинос шаванд.

Бо муаррифии шахсиятҳои барӯманди миллати тоҷик, ки мавқеи китобу дониш дар зиндагии онҳо хеле барозанда аст, бояд доштани китобхонаи шахсӣ чун яке аз нишонаҳои мусбати хонаводаҳо аз ҷониби расонаҳо, бавижа телевизионҳои давлатӣ таблиғ шавад. Имрӯз муҳимтарин омили пешрафти ҷомеа- доштани дониш ва иттилооти фаровон аст. Ин иттилооту донишҳо фақат бо роҳи мутолиаи китоб ва дигар воситаи илмию адабӣ ба даст меояд. Аз ин рӯ, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шудаанд, ки бо мақсади зиёд кардани фонди китоб барои китобхонаҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо намоянд.

Барои хизматрасонии хуби китобхонавӣ ба қишрҳои гуногуни ҷомеа дар амал татбиқ намудани пешниҳодҳои зеринро амри воқеӣ меҳисобем:

— ба талаботи рӯз мувофиқ гардондани намуди берунӣ ва дохилии ҳамаи китобхонаҳои давлатию оммавӣ;

— дар роҳравҳо ва пештоқи китобхонаҳо насб намудани овезаҳо ва шиорҳо дар васфи китобу китобдорӣ;

— бо мутахассисони баландихтисоси соҳа таъмин намудани китобхонаҳо;

— дар китобхонаҳои марказии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ташкил намудани гӯшаҳо бахшида ба адабиёти нодир;

— ташкили овезаи китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар ҳар як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, бавижа дар китобхонаи мактабӣ;

— барои ҷалби бештари хонандагон ба мутолиаи китоб дар китобхонаҳои давлатию оммавӣ ташкил намудани озмуни «Хонандаи беҳтарин»;

— таъмини пурраи китобхонаҳои давлатию оммавӣ бо технологияи муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ;

— барои хизматрасонии хуби китобхонавӣ ба хонандагони осебпазир ташкил намудани китобхонаи сайёр;

— ғанӣ гардондани фонди китобхонаҳои давлатию оммавӣ бо адабиёти тозанашр.

Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан тарғиб ва ташвиқ намоем. Пешвои миллат дар Паём иброз намуданд, ки бахусус, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан насли наврасу ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад.

Дар идомаи ироаи Паём Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров- китоби «Тоҷикон» — ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда, то ҷашни 30 — солагии истиқлолияти давлатӣ аз номи Сарвари давлат ба ҳар як оилаи мамлакат туҳфа намояд. Сарвари давлат вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг ва Академияи илмҳоро вазифадор намуданд, ки китоби мазкурро ба забонҳои байналмилалӣ тарҷума ва чоп карда, нусхаи электронии онро тавассути шабакаҳои иттилоотӣ паҳн созанд.

Фикр мекунам, ки дар шароити кунунӣ, яъне замоне, ки ҳар як фарди ҷомеа ба худшиносӣ ва ҳифзи хотираи таърихии худ беш аз пеш ниёз дорад, чопи ин шоҳасар ва дастраси тамоми мардуми мамлакат  гардонидани он ба густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маърифатнокии ҷомеаи мо ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.

Шоистаи зикр ва таҳсин аст, ки ҳар як иқдом ё санае, ки аз олами афкору андешаҳои сабзу созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи вуҷуд мекунад, сабаби болоравии маънавиёти мардум, бахусус насли ҷавони имрӯза ва умуман қишрҳои мухталифи ҷомеа мегардад.

Ҳамзамон Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки ҳар сол озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ва «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» миёни таълимгирандагони муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои ибтидоӣ ва миёна, муассисаҳои олӣ ва ба ин восита ҷалб намудани ҷомеа ба китобу китобхонӣ доир карда шаванд. Дар ин баробар масъулонро муваззаф сохтанд, ки минбаъд фаъолияти хуби китобхонаҳоро дар мақомот, ташкилотҳо, муассисаю корхонаҳо ва ҷамоатҳои деҳот таҳти назорат гирифта, китобхонаҳо созанд ва онҳоро бо китобҳои бадеӣ ва тарҷумашуда аз адибони ватанию ҷаҳонӣ таъмин намоянд.

Тавре аз мушоҳидаҳо ва суҳбату вохӯриҳо бо устодону донишҷӯён бармеояд, ин иқдоми навбатии Сарвари давлат муҳим ва саривақтӣ мебошад. Зеро китоб яке аз беҳтарин офаридаҳои инсон буда, тавассути он насли имрӯза аз таҷрибаи гузаштагон баҳраманд гардида, афкору андешаи худро барои ояндагон ба мерос мегузорад. Ҳамзамон, китоб яке аз сарчашмаҳои муҳимтарини хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ маҳсуб меёбад.

Дар ин замина мо — кормандони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дастуру ҳидоятҳоеро, ки аз Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, дар тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи китобхонию китобдӯстӣ ва ба ин восита баланд бардоштани сатҳи худшиносию худогоҳии онҳо саҳми арзанда мегузорем.

ДАР АКСИ БОЛО: Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки  фаъолияти китобхонаҳоро дар  идораю муассисаҳо таҳти назорат гирифта, китобхонаҳо созанд ва онҳоро бо китобҳои бадеӣ ва тарҷумашуда аз адибони ватанию ҷаҳонӣ таъмин намоянд.

Январь 10, 2020 12:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад»
СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ
Президенти Тоҷикистон: «Бо назардошти шароити замона анъанаи неки гузаштагон – сарфаю сариштакориро бояд риоя намоем»
Сулаймон Талбакзода: «Дарси хештаншиносӣ ва хизмат ба халқу Ватанро аз Пешвои миллат бояд омӯзем»
Президенти Тоҷикистон: «Мушкилоти таъмини аҳолии сайёра бо озуқаворӣ моро водор менамояд, ки ҳар қитъа заминро оқилонаву самаранок истифода барем»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ойинҳои наврӯзӣ аҳли башарро ба таҳаммулгароӣ, бунёдкориву созандагӣ ҳидоят менамоянд»
Пешвои миллат: «Дар шароити кунунӣ зарур аст, ки ба кишти такрорӣ, гирифтани се – чор ҳосил аз заминҳои обӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад»
Наврӯз дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро низ ташаккул додааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мақому ҷойгоҳи Наврӯз он қадар баланд буд, ки ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад»