ЧАРО ТАМОШОБИН БА ТЕАТР НАМЕРАВАД? Баррасии ин мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Бозтоб»-и Радиои «Ховар»
ДУШАНБЕ, 29.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Театр яке аз бахшҳои муҳими фарҳанг буда, онро воситаи пуриқтидортарини таъсиррасонӣ ба тафаккури инсон арзёбӣ намудаанд. Театр ба оинае шабоҳат дорад, ки дар он мо гузашта ва имрӯзи зиндагиро мебинем. Намоишҳои пурмазмуни он моро ба худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят намуда, ғизои маънавӣ мебахшанд. Воқеан ҳам рӯйдодҳои зиндагиро дар саҳнаи театр дида, тамошобин худро хаёлан ба қаҳрамонони мусбат монанд мекунад ва бо ҳамин роҳ олами ботинии хешро комил мегардонад.
Театри тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои зиёд ноил гардид. Аз ҷумла, дар интихоби драмма, ҳунарпеша, басаҳнагузории намоиш, сафарҳои эҷодӣ мустақилият ба даст овард. Дар барномаҳои он намоиши асарҳои худӣ ва рӯҳи миллидошта бештар ва пурқувват гардид.
Аммо коршиносон бар он назаранд, ки феълан кори театр ва робитаи он бо тамошобин то андозае ба мушкилӣ рӯ ба рӯ гардидааст. Ин аст, ки баъзе аз ҳунармандон андеша доранд, ки театр рисолаташро аз даст додааст.
Театр дар ҷомеаи кунинӣ чӣ нақше дорад. Чаро тамошобин ба театр намеравад? Оё намоишномаҳои театрӣ завқи тамошобинро қонеъ карда метавонанд? Ҳунармандон аз кӣ ва ё чӣ гиламанд ҳастанд?
Посух ба ин саволҳо ва баррасии дигар паҳлӯҳои мавзӯи мазкур дар барномаи навбатии таҳлили «Бозтоб» имрӯз, соати 11:30, (такроран) 17:30 ва 21:30 аз радиои «Ховар». Муҳаррир ва ровии барнома Моҳинави Наврӯз.
«Бозтоб»-ро пайгирӣ намоед!