Дар 1800 зеристгоҳи трансформатории ноҳияи Рӯдакӣ ҳисобкунакҳои интеллектуалӣ насб карда шуд
ДУШАНБЕ, 23.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. То имрӯз дар 1800 зеристгоҳи трансформатории ноҳияи Рӯдакӣ ҳисобкунакҳои интеллектуалӣ насб карда шудаанд. Дар маҷмӯъ дар ноҳия 2224 зеристгоҳи трансформаторӣ ба мардум хизмат менамоянд. Ояндаи наздик бо навбат дар дигар зеристгоҳҳо ҳам чунин ҳисобкунакҳои интеллектуалӣ насб карда мешаванд. Ин матлабро сардори шабакаҳои барқи ноҳияи Рӯдакӣ Хуршед Умаров ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2019 зимни ирсоли Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, ки «ба истифодаи самаранок ва сарфакоронаи неруи барқ тавассути баҳрабардорӣ аз технологияҳои каммасраф, бунёди иқтидорҳо ва шабакаҳои нави барқ, таҷдиду барқарорсозии шабакаҳои мавҷуда, ҷорӣ намудани низоми муосири назорату баҳисобгирӣ ва коҳиш додани талафоти неруи барқ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Бешубҳа, ин масъала хеле муҳим ва асосӣ мебошад. Аз рӯи маълумоти СММ, дар тамоми сайёра таъминот бо неруи барқ қаноатбахш нест. Имрӯзҳо давлатҳои абарқудрат низ аз неруи барқ танқисӣ мекашанд.
Тавре дар Паёми навбатӣ зикр шудааст, тибқи ояндабинии ниҳоди марбутаи СММ, аҳолии кураи Замин соли 2050 то 9,7 миллиард нафар афзоиш меёбад. Мувофиқи ҳамин дурнамо, аҳолии мамлакати мо соли 2050 ба 17 миллион нафар мерасад.
Дар ин замина табиист, ки бо зиёд шудани аҳолӣ талабот ба неруи барқ низ меафзояд. Вобаста ба ин, масъулини ШСХК «Барқи Тоҷик» ҷиҳати истифодаи технологияҳои каммасраф, ҷорӣ намудани низоми муосири назорату баҳисобгирӣ ва коҳиш додани талафоти неруи барқ тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Гузаштан ба технологияи каммасраф ва риояи фарҳанги истифодаи барқ имрӯз тадбири ҷиддӣ ва муҳим аст, ки барои таъминоти беҳтари барқ пешниҳод мегардад.
Мутахассисони ШСХК «Барқи Тоҷик» ҳам аз ҷиҳати ворид намудани технологияи муосири ҳисоби неруи барқ ва ҳам тарғиби роҳҳои сарфакорона истифода бурдани барқ бо муштариён, муассисаҳои таълимӣ ва ВАО ҳамкории зич доранд. Нашр шудани дастури «Маърифати энергетикӣ» ва ба муштариён паҳн намудани он аз гӯшаи ин тадбири муҳим мебошад.
Ба маълумоти ШСХК «Барқи Тоҷик», ҳоло қариб дар ҳамаи шабакаи барқии минтақавӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии зертобеи низоми биллингии «Express Client» роҳандозӣ гардидааст.
Илова бар ин, барои фаъол намудани системаи баҳисобгирии интеллектуалӣ 7500 ҳисобкунаки интеллектуалӣ харид гардидааст, ки насби онҳо аз тарафи шабакаҳои барқӣ дар нуқтаҳои зарурӣ идома дорад.
Бино ба маълумоти Хуршед Умаров, бартарияти ҳисобкунакҳои барқии электронии интелектуалӣ дар он аст, ки тамоми маълумот ба таври автоматикӣ ба воситаи мавҷ ба марказ интиқол меёбад. Инчунин мо метавонем аз марказ назорат кунем, ки муштарӣ чӣ қадар неруи барқ истифода мебарад. Ҳамзамон ин ҳисобкунакҳо дахолати инсонро дар хотирааш нигоҳ медоранд.
«Баъди насби чунин ҳисобкунакҳои муосир мушоҳидаҳо ва таҳлилҳо нишон доданд, ки пардохти саривақтии неруи барқ ба эътидол даромадааст. Зеро пардохт нагардидани маблағи барқи истифодашуда аз тарафи истифодабарандагон ба вазъи молиявӣ таъсири манфӣ расонда, барои дар сатҳи зарурӣ гузарондани корҳои таъмирию барқарорсозӣ душвориҳо пеш меорад»,-иброз кард номбурда.
Зикр шуд, ки кормандони шабакаҳои барқи ноҳияи Рӯдакӣ барои омӯхтани чунин таҷҳизот ба курсҳои омӯзишӣ ҷалб гардида, ҳамчун мутахассиси касбӣ аз ҷониби онҳо ин ҳисобкунакҳои муосир насб ва таъмир карда мешаванд.
Ба иттилои ҳамсуҳбат, имрӯз муштариёни шабакаҳои барқи ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 92 ҳазорро ташкил медиҳанд. Дар ноҳия дар як шабонарӯз 3,5 ё 3, 6 млн кВт-соат неруи барқ истифода мешавад, ки нисбат ба соли гузашта дуюним-се баробар зиёд аст. Агар се сол пешро гирем, 1 ё 1,5 млн кВт-соат дар як шабонарӯз истифода бурда мешуд. Соли 2018 истифодаи неруи барқ дар як шабонарӯз тахмин 3,2 млн кВт соат баробар буд.
Оид ба сариштакорона истифода бурдани неруи барқ ҳафтае як маротиба дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъомад доир карда мешавад. Раисони ҷамоату шаҳракҳо ва маҳаллаҳо вазифадор гардидаанд, ки оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монанд. Ба сокинон фаҳмонанд, ки неруи барқро дар фасли сармо сарфакорона ва мақсаднок истифода баранд. Дар хонаҳо ва корхонаҳо на танҳо неруи барқ, балки истифодаи дигар намуди сӯзишвории энергетикиро низ ба роҳ монанд. Зеро мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар ноҳия фурӯши ангишт низ кам гардидааст, чунки талабот ба он кам аст.
Сокини ноҳияи мазкур, омӯзгори Коллеҷи техникии омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ Толиб Саидҷалолов шукри ободию осудагии давлат мекунад, ки мамлакатамон имрӯз ба истиқлолияти энергетикӣ муваффақ шуда истодааст. «Мо бояд аз неъматҳои истиқлолият шукрона карда, онҳоро оқилона ва сарфакорона истифода барем, ба талафи неруи барқ роҳ надиҳем ва дигаронро низ ба сарфакорӣ талқин созем.
Барои зудтар расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ зарур аст, ки дар кам кардани талафоти неруи барқ ва истифодаи сарфакоронаи он, аз ҷумла тавассути истифодаи васеи технологияҳои каммасраф, ҳар яки мо ҳиссагузор бошем. «Истифодаи таҷҳизоти каммасрафи барқӣ ва сарфаи неруи барқ, қабл аз ҳама, ба худи муштарӣ манфиат дорад. Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи барқи истифодашуда нишонаи фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат буда, ба таъмини фаъолияти муназзаму боэътимоди шабакаҳои интиқоли барқ мусоидат менамояд»,- илова намуд Толиб Саидҷалолов.
Пӯшида нест, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ва хусусан солҳои охир норасоии неруи барқ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон яке аз мушкилоти асосии мардуми мамлакат маҳсуб меёфт. Дар пайи рушду нумӯи иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат, афзоиши аҳолӣ, бунёди иншооти гуногуни истеҳсолию хизматрасонӣ, шаҳраку манзилҳои нави истиқоматӣ талабот ба неруи барқ дучанд афзуд. Маҳдудияти интиқоли неруи барқ дар ин солҳо аз 1 сентябр то моҳҳои марту апрел идома меёфт. Ҳатто имкон набуд, ки шаҳрҳои саноатӣ пурра бо неруи барқ таъмин карда шаванд.
Биёед маърифати энергетикиро баланд бардошта, неруи барқро сарфакорона истифода бурда, ҳаққи барқи истифодашударо сари вақт пардохт намоем.
Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»