Дар Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазир натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳрро дар соли 2019 баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 09.01.2020/АМИТ «Ховар»/. Соли сипаригардида дар шаҳри Ҳисор 8 корхонаю коргоҳи нави саноатӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд, ки дар натиҷа беш аз 180 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Дар самти сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва истеҳсолӣ тадбирҳо андешида, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи 41,3 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуда, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар ин давр дар ҳаҷми 55,4 миллион сомонӣ иҷро гардид.
Ин нукта зимни маҷлиси ҷамъбастие, ки бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим, раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо оид ба натиҷагирии соли гузашта дар шаҳри Ҳисор доир шуд, баён гардид.
Зикр шуд, ки соли сипаригардида нақшаи даромади буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоӣ 101,6 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 178,7 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 2,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра ба буҷети маҳаллии шаҳр 128,5 миллион сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша 407,4 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Соли 2019 ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 48 миллион сомонӣ маблағ ворид гардидааст. Маблағгузории музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ сари вақт таъмин шуда, қарзи музди меҳнат дар даври ҳисоботӣ вуҷуд надорад.
Дар маҷлиси ҷамъбастӣ таъкид шуд, ки бо фароҳам овардани муҳити мусоиди инвеститсионӣ ба иқтисодиёти шаҳр соли гузашта 142,7 миллион сомонӣ сармоягузории дохилию хориҷӣ ҷалб гардида, дар маҷмӯъ нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 суръати афзоиш 165,1 фоизро ташкил дод, ки ба соҳаҳои иқтисодиёти шаҳр равона карда шуд. Дар натиҷа рушди босуръати соҳа таъмин шуда, саҳми он дар ташаккули маҷмӯи маҳсулот тадриҷан зиёд гардида истодааст. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулот соли гузашта ба 240,5 миллион сомонӣ расонида, ҳиссаи истеҳсолоти саноатӣ дар сохтори маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 9,0 фоизро ташкил дод.
Гуфта шуд, ки соли 2019 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо зиёда аз 17 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд. Дар шаҳр бунёду навсозӣ ва таъмиру тармими беш аз 767 иншоот пешбинӣ гардида, 204 иншооти таъйиноташон гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ кишоварзони Ҳисор барои рушди соҳа тадбирҳои судманд андешида, дар натиҷа дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 675 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардида, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин даври соли гузашта беш аз 106 фоиз таъмин гардид.
Дар анҷоми маҷлиси ҷамъбастӣ муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ва Раиси шаҳри Ҳисор барои амалӣ гардонидани нақшаҳои фаъолияти соҳаҳои гуногуни шаҳр дар соли 2020, ислоҳи камбудиҳо, татбиқи олитарин оромонҳои давлатдорӣ ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштанд.








Мутахасисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид






