Касбияти мутахассис – гарави рушди самаранокии фаъолияти сайёҳӣ. Ин мавзуъ зимни ҳамоише дар Душанбе баррасӣ шуд

Январь 15, 2020 11:11

ДУШАНБЕ, 15.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Рушди сайёҳӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос дар ин самт ба пешрафти иқтисоди миллии кишвар такони ҷиддӣ бахшида, шумораи сайёҳонро ба мамлакат зиёд менамояд ва барои таъсиси ҷойҳои корӣ имкони бештар фароҳам меорад. Ин нукта зимни ҳамоише, ки дар Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳӣ вобаста ба таъсисёбии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат доир шуд, зикр гардид.

Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд: «Бо мақсади рақобатпазир гардонидани соҳа дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ моро зарур аст, ки мутахассисони забондон, донандаи фарҳангу таърих ва технологияҳои муосирро омода кунем, кормандони ширкатҳои сайёҳӣ, роҳбаладҳо, тарҷумонҳо ва дигар мутахассисони соҳаро мутобиқ ба талаботи бозори сайёҳӣ ба воя расонем».

Бо назардошти ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири муҳайё кардани шароити муосири таълимӣ барои тарбияи кадрҳо пешниҳод намуданд, ки дар заминаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат таъсис дода шавад.

Дар Кумитаи рушди сайёҳӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» мақсади баргузор намудани ҳамоишро муайян намудани роҳҳои муҳайёсозии шароити муосири таълимӣ барои тарбияи кадрҳо дар заминаи Донишкадаи мазкур арзёбӣ намуданд.

Дар кори ҳамоиш роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои олии таълимӣ, ки дар риштаи сайёҳӣ мутахассис омода месозанд, ширкат намуданд.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода изҳор дошт, ки дар заминаи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат ва Ҳукумати кишвар соҳаи сайёҳии Тоҷикистон мавқеи байналмилалии худро тадриҷан беҳтару мустаҳкам намуда, он тибқи баҳогузориҳои созмонҳои байналмилалӣ ба эътирофҳои ҷаҳонӣ сазовор гаштааст.

«Дар тамоми ҷаҳон ба тайёр кардани кадрҳо барои тиҷорати сайёҳӣ диққати ҷиддӣ равона мегардад. Зеро барои тиҷорати сайёҳӣ кадрҳои соҳибихтисос хеле муҳим аст. Аз дигар ҷониб, дар туризм маҳсулоте, ки ба истеъмолкунанда пешниҳод мешавад, маҳсулот нест, балки хизматрасонӣ аст. Дар ин замина, менеҷменти сайёҳӣ нақши барҷастаро мебозад. Тасодуфӣ нест, ки асоси таълими касбии сайёҳӣ технология, муҳандисӣ, иқтисод, экология ва ҳатто маркетинг набуда, балки менеҷмент нақши калидию стратегиро иҷро намуда, ҳамчун роҳнамо то ҳадди имкон тавонистааст, ки вазифаҳои тавлидкунандаи сайёҳиро амалӣ созад», — тазаккур дод раиси Кумита.

Н. Абдуғафорзода гуфт, ки бо назардошти ин гуфтаҳо, мененҷер оид ба сайёҳӣ бояд на танҳо дар бораи як макони муайяни сайёҳӣ дониш дошта бошад, балки бояд равоншиносе бошад, ки муштарии худро эҳсос кунад, асосҳои ҳуқуқи байналмилалиро донад ва омода бошад, ки ба ҳар як саволҳои истеъмолкунанда ҷавоби возеҳ ва дақиқ диҳад.

Дар воқеъ имрӯзҳо бо зиёд гаштани ташрифи меҳмонону сайёҳони хориҷӣ ҷиҳати тақвияти иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкили дурусти тарғибу ташвиқи ҳаматарафаи он талабот ба кадрҳои ҷавобгӯи замони муосир хеле зиёд аст.

Бо вуҷуди таъсис ёфтани бахшҳои омодасозии кадрҳои соҳаи сайёҳӣ дар зиёда аз 10 мактаби сатҳи олӣ ва миёнаи махсуси кишвар, дараҷаи дониши ихтисосиву забондонии кадрҳои хатмкунандаи онҳо талаботи бозори соҳавиро конеъ карда наметавонанд.

Тибқи таҳлилҳои гузаронидашуда дар маҷмӯъ имрӯзҳо бозори сайёҳии мо ба бештар аз 15 ҳазор кадри ихтисосманду болаёқат ниёз дорад.

Бояд зикр намуд, ки тибқи Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати ба таври пурра ва комил роҳандозӣ намудани тамоми иқтидорҳо, неруи кадрӣ, донишҳои назариявию амалӣ ва дар маҷмуъ омода намудани кадрҳои болаёқати соҳаи сайёҳӣ таклифҳои мушаххас ироа гардидааст, ки бо тартиби муқарраргардида марҳила ба марҳила амалӣ карда мешаванд.

Иштирокчиён ҳамчунин аз намоиши имкониятҳои сайёҳии донишкада дидан карданд.

Январь 15, 2020 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Феҳристи муштараки шоҳкориҳо ва бозёфтҳои нодири осорхонаҳои миллии Осиёи Марказӣ нашр мегардад
ИДИ МЕҲРГОН-МЕРОСИ НИЁГОН. Давоми таърих дар фарҳанги мардум арзишҳои озмудашудаи миллат побарҷо мондаанд
Дар Академияи миллии илмҳо бо намояндагони Корпоратсияи «Синергия» рушди инфрасохтори рақамӣ баррасӣ шуд
СИНАМОҶАШНВОРАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ТОҶИ СОМОН». Дар кинотеатрҳои ҷумҳурӣ беш аз 40 филм намоиш дода мешавад
Дар доираи Рӯзҳои синамои Қирғизистон дар Душанбе филмҳои «Шамбала» ва «Эсимда» намоиш дода мешаванд
Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардид
«САЙРИ МЕҲРГОН». Дар Душанбе ба макони таҷлили ин ҷашн хатсайри сайёҳии ройгон ташкил карда мешавад
Ҳамкории илмӣ дар самтҳои зеҳни сунъӣ ва рақамикунонӣ бо намояндагони Чин баррасӣ карда шуд
«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Иштирокдорони Форуми байналмилалии сармоягузорӣ «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуданд
«Бахтиёр Худойназаров намояндаи барҷастаи синамои тоҷик дар арсаи байналмилалӣ аст», — бардошт аз форум дар Душанбе
ИМРӮЗ — РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Арзишҳои миллӣ дар кинои тоҷикӣ ҳамеша мавқеи марказӣ доранд
СИНАМОҶАШНВОРАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ТОҶИ СОМОН». Дар доираи он форуми байналмилалӣ доир мегардад