Касбияти мутахассис – гарави рушди самаранокии фаъолияти сайёҳӣ. Ин мавзуъ зимни ҳамоише дар Душанбе баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 15.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Рушди сайёҳӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос дар ин самт ба пешрафти иқтисоди миллии кишвар такони ҷиддӣ бахшида, шумораи сайёҳонро ба мамлакат зиёд менамояд ва барои таъсиси ҷойҳои корӣ имкони бештар фароҳам меорад. Ин нукта зимни ҳамоише, ки дар Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳӣ вобаста ба таъсисёбии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат доир шуд, зикр гардид.
Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд: «Бо мақсади рақобатпазир гардонидани соҳа дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ моро зарур аст, ки мутахассисони забондон, донандаи фарҳангу таърих ва технологияҳои муосирро омода кунем, кормандони ширкатҳои сайёҳӣ, роҳбаладҳо, тарҷумонҳо ва дигар мутахассисони соҳаро мутобиқ ба талаботи бозори сайёҳӣ ба воя расонем».
Бо назардошти ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири муҳайё кардани шароити муосири таълимӣ барои тарбияи кадрҳо пешниҳод намуданд, ки дар заминаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат таъсис дода шавад.
Дар Кумитаи рушди сайёҳӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» мақсади баргузор намудани ҳамоишро муайян намудани роҳҳои муҳайёсозии шароити муосири таълимӣ барои тарбияи кадрҳо дар заминаи Донишкадаи мазкур арзёбӣ намуданд.
Дар кори ҳамоиш роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои олии таълимӣ, ки дар риштаи сайёҳӣ мутахассис омода месозанд, ширкат намуданд.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода изҳор дошт, ки дар заминаи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат ва Ҳукумати кишвар соҳаи сайёҳии Тоҷикистон мавқеи байналмилалии худро тадриҷан беҳтару мустаҳкам намуда, он тибқи баҳогузориҳои созмонҳои байналмилалӣ ба эътирофҳои ҷаҳонӣ сазовор гаштааст.
«Дар тамоми ҷаҳон ба тайёр кардани кадрҳо барои тиҷорати сайёҳӣ диққати ҷиддӣ равона мегардад. Зеро барои тиҷорати сайёҳӣ кадрҳои соҳибихтисос хеле муҳим аст. Аз дигар ҷониб, дар туризм маҳсулоте, ки ба истеъмолкунанда пешниҳод мешавад, маҳсулот нест, балки хизматрасонӣ аст. Дар ин замина, менеҷменти сайёҳӣ нақши барҷастаро мебозад. Тасодуфӣ нест, ки асоси таълими касбии сайёҳӣ технология, муҳандисӣ, иқтисод, экология ва ҳатто маркетинг набуда, балки менеҷмент нақши калидию стратегиро иҷро намуда, ҳамчун роҳнамо то ҳадди имкон тавонистааст, ки вазифаҳои тавлидкунандаи сайёҳиро амалӣ созад», — тазаккур дод раиси Кумита.
Н. Абдуғафорзода гуфт, ки бо назардошти ин гуфтаҳо, мененҷер оид ба сайёҳӣ бояд на танҳо дар бораи як макони муайяни сайёҳӣ дониш дошта бошад, балки бояд равоншиносе бошад, ки муштарии худро эҳсос кунад, асосҳои ҳуқуқи байналмилалиро донад ва омода бошад, ки ба ҳар як саволҳои истеъмолкунанда ҷавоби возеҳ ва дақиқ диҳад.
Дар воқеъ имрӯзҳо бо зиёд гаштани ташрифи меҳмонону сайёҳони хориҷӣ ҷиҳати тақвияти иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкили дурусти тарғибу ташвиқи ҳаматарафаи он талабот ба кадрҳои ҷавобгӯи замони муосир хеле зиёд аст.
Бо вуҷуди таъсис ёфтани бахшҳои омодасозии кадрҳои соҳаи сайёҳӣ дар зиёда аз 10 мактаби сатҳи олӣ ва миёнаи махсуси кишвар, дараҷаи дониши ихтисосиву забондонии кадрҳои хатмкунандаи онҳо талаботи бозори соҳавиро конеъ карда наметавонанд.
Тибқи таҳлилҳои гузаронидашуда дар маҷмӯъ имрӯзҳо бозори сайёҳии мо ба бештар аз 15 ҳазор кадри ихтисосманду болаёқат ниёз дорад.
Бояд зикр намуд, ки тибқи Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати ба таври пурра ва комил роҳандозӣ намудани тамоми иқтидорҳо, неруи кадрӣ, донишҳои назариявию амалӣ ва дар маҷмуъ омода намудани кадрҳои болаёқати соҳаи сайёҳӣ таклифҳои мушаххас ироа гардидааст, ки бо тартиби муқарраргардида марҳила ба марҳила амалӣ карда мешаванд.
Иштирокчиён ҳамчунин аз намоиши имкониятҳои сайёҳии донишкада дидан карданд.










Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд






