Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Литсейи ҳарбӣ китобҳои гуногунмазмун тақдим намуд
ДУШАНБЕ, 15.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 48 адад китоби гуногунмазмунро ба муҳассилини Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим намуд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Кумитаи рушди маҳал иттилоъ доданд, китобҳои тақдимгардида аз «Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад», «Ваҳдатнома», «Ваҳдат ва Истиқлолият қисми II», «Ваҳдат зевари давлати миллӣ қисми III», «Ҳафтхони Темурмалик», «Шуҷоати Спитамен», «Тулӯи Ҳақиқат» ва «Тиллои Тоҷикистон» иборат мебошанд.
Бино ба иттилои манбаъ, иқдоми мазкур вобаста ба Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 26 декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олӣ ироа шуд, амалӣ гардид.
Сарвари давлат таъкид намуд, ки «вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, сохторҳои илмӣ, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот супориш дода мешавад, ки ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ чопи китобҳои бадеиро зиёд намуда, дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону хонандагон ба роҳ монанд ва иҷрои онро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд».








Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
54 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт
Ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
Дар Хатлон барои баргузории даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ беш аз 2 миллион сомонӣ ҷудо гардид
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова даври муассисавии озмун оғоз гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷаласаи гурӯҳи кории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара даври аввали (муассисавии) Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз шуд
Дар Осорхонаи миллӣ дастовардҳои ғолибони озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ба намоиш гузошта шуд
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Бо мақсади шаффофият ва дақиқияти холҳои ғолибон портали электронӣ таъсис дода шуд






