Маҳмадшоҳ Гулзода: «Дар Донишгоҳи тиббӣ ҷараёни таълим, баҳодиҳӣ ва натиҷагирии сифати таълим тибқи талаботи стандартҳои байналмилалист»

Январь 28, 2020 14:48

ДУШАНБЕ, 28.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино  Маҳмадшоҳ Гулзода иброз дошт, ки дар Донишгоҳи тиббӣ ҷараёни таълим, баҳодиҳӣ ва натиҷагирии сифати таълим тибқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ бо истифодаи васеи технологияи муосири иттилоотӣ- коммуникатсионӣ ба роҳ монда шудааст. 

«Ҳоло дар донишгоҳ низоми электронии идоракунии таълим (LMS) ва шабакаи интернетии дохилидонишгоҳӣ фаъолият мекунад. Ҳар  як донишҷӯ кабинети инфиродии худро дошта, маводи  таълимӣ ва натиҷаи рейтингҳою имтиҳонҳои худро дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ метавонад тариқи электронӣ дастрас намояд. Инчунин  волидайни донишҷӯён метавонанд ба кабинети инфиродии фарзандонашон шомил шуда, ҳамарӯза аз таҳсили онҳо хабардор шаванд»,- гуфт М. Гулзода.

Ба иттилои номбурда, шурӯъ аз соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон журналҳои дарсии донишҷӯён тариқи электронӣ роҳандозӣ шуда, аз ҷониби раёсати донишгоҳ 900 адад планшет харид ва ба ҳар омӯзгор дода шуданд.

Зикр шуд, ки таваҷҷуҳи довталабони хориҷӣ барои таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон зиёд буда, айни замон 1598 нафар муҳассилини хориҷӣ аз 16 давлати дунё  дар ин ҷо таҳсил мекунанд. Ин шумора нисбат ба соли гузашта 178 нафар зиёд мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дар донишгоҳ таҳсил барои  донишҷӯён бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, фазои таълимӣ бо забони русӣ нигоҳ дошта мешавад.

Январь 28, 2020 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Ҳизби Коммунистии Чин дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху фарҳанги тоҷикон шинос шуд
Узви Раёсати Ҳизби «Ени Озарбойҷон» дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни қадимаи тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Каманди зулф»-и Зулфия Атоӣ рӯнамоӣ гардид
РОБИАИ БАЛХӢ – НАХУСТБОНУИ СОҲИБДЕВОНИ АДАБИЁТИ ТОҶИКУ ФОРС. Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ китоби «Хуттали Қадим» аз чоп баромад
Бахшида ба фаъолияти соҳаи метрологияи тоҷик Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали 4-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак иштирок намуданд
Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Қубодиён, Рӯдакӣ, Спитамен, Шаҳринав ва Панҷ баргузор мешаванд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти осорхонадорӣ тақвият мебахшанд
Таҳти унвони «Забон — рамзи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ» ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе Фестивали фарҳангии Тоҷикистону Корея-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон оғоз мегарданд