Маҳмадшоҳ Гулзода: «Дар Донишгоҳи тиббӣ ҷараёни таълим, баҳодиҳӣ ва натиҷагирии сифати таълим тибқи талаботи стандартҳои байналмилалист»
ДУШАНБЕ, 28.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода иброз дошт, ки дар Донишгоҳи тиббӣ ҷараёни таълим, баҳодиҳӣ ва натиҷагирии сифати таълим тибқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ бо истифодаи васеи технологияи муосири иттилоотӣ- коммуникатсионӣ ба роҳ монда шудааст.
«Ҳоло дар донишгоҳ низоми электронии идоракунии таълим (LMS) ва шабакаи интернетии дохилидонишгоҳӣ фаъолият мекунад. Ҳар як донишҷӯ кабинети инфиродии худро дошта, маводи таълимӣ ва натиҷаи рейтингҳою имтиҳонҳои худро дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ метавонад тариқи электронӣ дастрас намояд. Инчунин волидайни донишҷӯён метавонанд ба кабинети инфиродии фарзандонашон шомил шуда, ҳамарӯза аз таҳсили онҳо хабардор шаванд»,- гуфт М. Гулзода.
Ба иттилои номбурда, шурӯъ аз соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон журналҳои дарсии донишҷӯён тариқи электронӣ роҳандозӣ шуда, аз ҷониби раёсати донишгоҳ 900 адад планшет харид ва ба ҳар омӯзгор дода шуданд.
Зикр шуд, ки таваҷҷуҳи довталабони хориҷӣ барои таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон зиёд буда, айни замон 1598 нафар муҳассилини хориҷӣ аз 16 давлати дунё дар ин ҷо таҳсил мекунанд. Ин шумора нисбат ба соли гузашта 178 нафар зиёд мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар донишгоҳ таҳсил барои донишҷӯён бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, фазои таълимӣ бо забони русӣ нигоҳ дошта мешавад.








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






