Нозирони ИКАО дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе санҷиши бехатарии амнияти авиатсионӣ гузарониданд

Январь 13, 2020 11:02

ДУШАНБЕ, 13.01.2020/АМИТ «Ховар»/. Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе (ФБД) дар соли 2019 ба зиёда аз 1422,204 нафар мусофир хизмат расонидааст, ки дар қиёс нисбат ба соли 2018 81,5 ҳазор нафар мусофир зиёдтар мебошад.  Ин нукта дар ҷаласаи ҷамъбастии ФБД, ки бо иштироки директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода, роҳбарият ва корманон доир гардид, зикр шуд.

Гуфта шуд, ки миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби терминали боркашонии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе қабулгардида ва интиқолдодашуда дар соли гузашта 2543,0 тоннаро ташкил дод, ки ин омор нисбат ба соли 2018  20 тонна зиёд аст.

Инчунин дар соли гузашта оид ба наомадан, осеб дидан ва гум шудани бағоҷҳо 485 эрод ворид шудааст, ки дар қиёс ба соли 2018  875 эрод камтар аст. Теъдоди ҳодисаҳои ба таъхир гузошташавии парвозҳо дар соли 2019-ум  952 ададро ташкил дод, ки ин омор нисбат ба соли 2018-ум 276 парвоз камтар мебошад.

Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ зикр шуд, ки моҳи декабри соли сипаригардида дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз тарафи нозирони Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) санҷиши навбатӣ оид ба «Бехатарии амнияти авиатсионӣ» гузаронида шуд. Санҷиш нишон дод, камбудиҳое, ки дар рафти санҷиши дар  соли 2011 гузаронидашуда  дар бахши «Бехатарии амнияти авиатсионӣ» ошкор гардида буданд, аз ҷумла тибқи талаботи ИКАО ба тартиб овардани ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии хадамоти амнияти авиатсионӣ, насби раписканҳои муосир барои муоинаи ҷиддии бору бағоҷи мусофирон дар терминалҳо, толорҳои ВИП, СИП ва гузаргоҳҳои асосии фурудгоҳ барои воситаҳои нақлиёт, камераҳои видеоӣ, детекторҳои металҷӯӣ, таъмири девори иҳотавии фурудгоҳ, гузоштани чароғҳои иловагӣ пурра бартараф карда шуданд. Ин нукта дар суханронии директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Икром Субҳонзода низ таъкид гардид. Мавсуф барои фароҳам овардани шароити зарурии корӣ оид ба таъмини амнияти бехатарии фурудгоҳ ва мутобиқат намудани он ба меъёрҳои байналмилалӣ ба раҳбарият ва кормандони ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» арзи сипос намуд.

Дар соли гузашта бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳои байналмилалӣ ва бо дастгирии Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон басомади рейсҳои ширкатҳои ҳавопаймоии байналмилалӣ дар самтҳои Қазоқистон — шаҳрҳои Нур-Султон ва Алмаато ва Россия — шаҳри Санкт Петербург зиёд карда шуд.

Аз маркази матуботи ФБД ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби 15 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла 5 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои хориҷии дур — «Туркиш эйрлайнз»-Туркия, «Кам Эйр»-Афғонистон, «Хатҳои ҷанубии Чин»-Чин, «Флай Дубай»-Аморати Муттаҳидаи Араб ва «Вареш Эйрлайнз»-Эрон, 8 ширкати ҳавопаймоии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил — «Сибир», «Ют Эйр», «Уралские авиалинии»-Россия, «Авиатрафик»-Қирғизистон, «Эйр Астана», «СКАТ»  ва «Северний Ветер»-Қазокистон, «Ӯзбекистон ҳаво Йулларӣ»-Ӯзбекистон ва 2 ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон — «Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр» ба амал оварда мешаванд.

Январь 13, 2020 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чехия дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ гардид
Масъалаи истифодаи механизмҳои нави маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ шуд
РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар нуҳ моҳи соли 2026 8,3 фоиз таъмин гардид
Олимони тоҷик парвариши гандуми тирамоҳӣ ва пахтаро дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ намуданд
Ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ гардид
«СОҲИБКОРИИ ЗАНОН: ИМКОНИЯТҲО, НАВОВАРӢ ВА РУШДИ УСТУВОР».Таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Дар мавзуи дастгирии соҳибкорӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Рим имкониятҳои содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд