ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

Январь 28, 2020 08:07

ДУШАНБЕ, 28.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи наздик дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ (ба истиснои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон) фаромадани туман дар назар аст. Дар ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ фаромадани зуҳуроти тарма пешгўӣ шуда, дар роҳҳои нақлиётгарди ноҳияҳои доманакўҳӣ ва кўҳӣ яхбандӣ аз эҳтимол дур нест. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб  бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона  14-19 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 29-34 ва рӯзона 15-20 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбанда шуда, шабона ва саҳаргоҳон дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф ба амал меояд. Рӯзона ҳавои бебориш дар назар аст. Дар  ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.  Шамол  аз самти ғарб бо суръати  3-8 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9-14 ва   рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон   ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо боришоти суст (борон, барф) ба амал меояд. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо ҳаво шабона 0-5 ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда дар назар буда,  рӯзона ҳаво бебориш мешавад. Туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 12-17 дараҷа хунук  ва  рӯзона аз 4 дараҷа хунук  то 1  дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, рӯзона ҳаво бе бориш мешавад. Туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва  рӯзона 6+8 дараҷа гарм мешавад

 

Январь 28, 2020 08:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт