Қонун «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон» наврасонро ба интихоби роҳи дуруст дар ҷомеа ҳидоят менамояд
ДУШАНБЕ, 07.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Чанд рӯз пеш Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон» ба имзо расид. Мақсад аз қабули он муқаррар ва муайян намудани салоҳияти мақомот, идораҳои ваколатдори давлатию ғайридавлатӣ дар таъмини огоҳонӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, инчунин дигар кирдорҳои зидди ҷамъиятии ноболиғон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 ноябри соли 2018 дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати Рӯзи милитсия, ки дар шаҳри Душанбе доир гардида буд, иброз дошта буданд, ки «солҳои охир содир кардани ҷиноятҳои авбошии ашаддӣ, яъне бо истифода аз корд ва олоти дигар бештар ба мушоҳида расида, задухӯрдҳои гурӯҳии байни хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва наврасону ҷавонон боиси ташвиши аҳли ҷомеа гардидаанд. Агар соли 2017 аз ҷониби ноболиғон ё бо иштироки онҳо 690 ҷиноят содир гардида бошад, дар 9 моҳи соли 2018 аллакай аз ҷониби онҳо 734 ҷиноят содир шудааст».
Пешвои миллат зимни ин суханронӣ аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки «дар ҷараёни тафтиши чунин парвандаҳо мақомоти тафтишот на ҳамаи иштирокчиёни ҷиноятро муайян ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ мекашанд, ки ин ҳолат боиси аз ҷавобгарӣ дур мондани ҷинояткорон ва аз нав ба ҷиноятҳои вазнин даст задани онҳо мегардад. Боиси нигаронист, ки бо вуҷуди барои наврасону ҷавонон фароҳам овардани тамоми шароиту имкониятҳои муосир ҷиҳати таҳсил, истироҳату фароғат, ҳунар омӯхтану ба варзиш машғул шудан содиршавии ҷиноят ва дигар амалу кирдорҳои номатлуб аз тарафи онҳо ҳоло ҳам идома дорад».
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 23 апрели соли 2014 дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ доир ба масъалаҳои пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо аз тарафи ҷавонону наврасон баён гардиданд, таҳия шуда, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардид.
Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи қонуни мазкур дар ҷаласаи Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум, ки 11 декабри соли 2019 баргузор гардид, мавриди баррасии вакилон қарор гирифт. Қонуни мазкур аз муқаддима, 4 боб ва 29 модда иборат буда, бо дарназардошти таҷрибаи давлатҳои Россия, Қазоқистон, Туркманистон ва Ўзбекистон коркард карда шудааст.
Зимни муаррифии санади мазкур Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода изҳор дошт, ки лоиҳаи мазкур дар гурӯҳи кории байниидоравӣ бо ҷалби мутахассисони соҳавӣ аз ҳисоби намояндагони Прокуратураи генералӣ, вазоратҳои адлия, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ташкилоти ғайридавлатии «Маркази ҳуқуқи кӯдак» такмил дода шудааст.
Дар иҷлосия муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Умарзода аз рӯи ин масъала зикр кард, ки «Боби якуми қонуни мазкур «Муқаррароти умумӣ» ном дошта, дар он мафҳумҳои асосии дар қонун нишондода, қонунгузории ҷумҳурӣ дар ин самт, принсипҳои низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ҷой дода шудаанд. Боби дуюм ба субъектҳои низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва ваколатҳои онҳо бахшида шудааст. Боби сеюм – «Пешгирии умумӣ ва инфиродӣ» ба масъалаҳои пешгирии умумӣ, инфиродӣ, асосҳои гузаронидани корҳои инфиродии пешгирӣ нисбат ба ноболиғон ва чораҳои инфиродии огоҳонӣ дахл карда, дар боби чорум — «Муқаррароти хотимавӣ» ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур ва тартиби мавриди амал қарор додани он пешбинӣ шудааст».
«Қонуни мазкур имкон медиҳад, ки ҳуқуқҳои ноболиғон аз рӯи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак пурра таъмин карда шаванд. Қонун асоси ҳуқуқии ҳамкории байнисоҳавии мақомоти давлатиро (шахсони мансабдорро) оид ба огоҳонии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон муқаррар намуда, ба мукаммал гардидан ва самаранокии фаъолияти онҳо, инчунин баланд бардоштани масъулияти падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), шахсони мансабдори мақомоти дахлдори давлатӣ мусоидат менамояд»,- таъкид намуд И.Умарзода.
Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Қиёмиддин Абдусалимзода зимни муҳокимаи ин масъала дар Парлумони мамлакат изҳор дошт, ки «тавре аз номи қонун бармеояд, он низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғонро ташкил намуда, ҳамчун механизми баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ноболиғон, эмин нигоҳ доштани онҳо аз ҳар гуна ҳаракатҳои ифротгаро, равона сохтан ба тарзи ҳаёти солим ва интихоби роҳи дуруст дар ҷомеа (барои ноболиғон) баромад менамояд. Ташаббуси мазкур давоми мантиқӣ ва ё василаи такмилдиҳандаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» буда, аз волидайн ва шахсони ивазкунандаи онҳо, илова бар ин, аз омӯзгорон, хизматчиёни давлатӣ ва дар умум аҳли ҷомеа тақвият бахшидани корҳоро дар самти тарбияи ҳуқуқӣ ва идеологии ҷавонон ва ноболиғон тақозо менамояд».
Қиёмиддин Абдусалимзода дар тақвияти андешааш иброз дошт, ки «масъалаи дигар, ки дар шароити рушди муносибатҳои ҳуқуқӣ бисёр муҳим арзёбӣ мегардад, ин назорати ҷараёни татбиқи қонун мебошад, зеро дар ҳар ҷое талабот ҳаст, он ҷо рушд аст. Аз ин рӯ, аз тамоми субъектҳо татбиқи босамари меъёрҳои муқарраргардида, ҳамчунин аз мақоми ваколатдори давлатӣ мунтазам гузаронидани мониторинги ҳуқуқӣ тақозо мегардад. Ҳамчунин зарур аст, ки дар ҷараёни татбиқи қонуни мазкур мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ бо дарназардошти ташкили омӯзишҳои дахлдор дар байни онҳо фаъолона ҷалб карда шавад».
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»