Президенти Сербия Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
ДУШАНБЕ, 31.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Сербия Александр Вучич Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро дар чоҳорчӯби сафари расмияш 30 январ дар Белград ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Чумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот доир ба масъалаҳои густариши муносибатҳои ҳамкорӣ байни ду давлат дар соҳаҳои гуногун ва дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.
Ҳамчунин 30 январ мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Раиси Шӯрои миллии Ҷумҳурии Сербия Майи Гойкович ва Вазири корҳои хориҷии Сербия Ивитса Дачич баргузор гардид.
Дар мулоқотҳои мазкур ҷонибҳо масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Сербияро дар заминаҳои мухталиф баррасӣ намуда, перомуни мавзӯъҳои минтақавию байналмилалӣ мубодилаи афкор карданд.
Дар анҷоми мулоқот Ёддошти тафоҳум роҷеъ ба ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сербия ба имзо расид.
Акс аз ВКХ ҶТ








Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд
Дар шаҳри Абу Забӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар Давҳа 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо вазирони корҳои хориҷии Салтанати Умон, Габон, Кипр ва Сингапур мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк омодагӣ ба Конфронси оби СММ – 2028 дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид
Идомаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории рақамӣ вохӯрӣ намуд
Таҳти ҳамоҳангсозии Тоҷикистон ҷаласаи сафирони Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ доир гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар якчанд чорабинии сатҳи баланд дар Ню-Йорк иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси иҷлосияи 81-уми Маҷмаи умумии СММ мулоқот намуд






