Раиси Палатаи ҳисоб Қарахон Чиллазода: Аз ҷониби мақомоти олии назорати молиявӣ беш аз 234 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид
ДУШАНБЕ, 30.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби кормандони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон соли сипаригардида беш аз 300 санҷиши аудиторӣ дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ гузаронида шуданд, ки дар натиҷа беш аз 234 миллион сомонӣ зарари молиявӣ муайян гардид.
Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарахон Чиллазода имрӯз дар нишасти хабарӣ зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти мақомоти назорати молиявии мамлакат гуфт, ки аз маблағи умумии зарари молиявӣ, ки аз ҷониби кормандони Палатаи ҳисоб муайян гардидааст, 100 миллион сомонӣ ба хароҷоти пулию молӣ, 10 миллион сомонӣ ба камомаду тасарруфи воситаҳои пулию молӣ, беш аз 46 миллион сомонӣ ба талафи воситаҳои пули молӣ, зиёда аз 47 миллион сомонӣ ба маблағи камҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо рост омада, инчунин изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ зиёда аз 28 миллион сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ беш аз 570 ҳазор сомонӣ ва пардохт накардани суди саҳмияҳои давлатӣ беш аз 386 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон Қарахон Чиллазода афзуд, ки дар ин давра кормандони Палатаи ҳисоб барои бартараф намудани камбудию норасоиҳое, ки дар ҷараёни чорабиниҳои назоратӣ ошкор гардиданд, тадбирҳои зарурӣ андешиданд. Дар натиҷа дар буҷети мамлакат зиёда аз 80 миллион сомонӣ ва дар муассисаю ташкилот беш аз 132 миллион сомонӣ зарари молиявӣ барқарор гардид.
Бо дахли ҳамкории хориҷӣ Қарахон Чиллазода зикр кард, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти олии назорати молиявии Россия, Қазоқистон, Беларус, Молдова, Латвия, Чин, Покистон, Эрон ва дигар давлатҳо созишномаҳо ба имзо расонида, ҳамкории мутақобилан судманд ба роҳ мондааст.








Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд






