САРАЗМ. Бостоншиносон дар ин шаҳри қадимӣ барои кашфи саҳифаҳои нави таърихи ниёгон талош доранд
ДУШАНБЕ, 14.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ таҷлил намудани 5500-солагии Саразми бостонӣ, ки он соли оянда ҷашн гирифта мешавад, бунёди 30 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Айни замон дар ин макон корҳои сохтмонӣ бо маром ҷараён дошта, сохтмончиён, роҳсозон, меъморон ба бунёди роҳ, осорхона, деворбандии гирдогирди ҳафриёт ва корҳои ободонию хуррамгардонӣ машғул мебошанд. Бостоншиносон низ ба ифтихори ин ҷашни таърихӣ дар чанд макони ин шаҳри қадимӣ барои кашфи саҳифаҳои нави таърихи ниёгон талош доранд.
Дар ин робита хабарнигори АМИТ «Ховар» маълумотро пешниҳоди хонандагон менамояд.
Айни ҳол бостоншиноси шинохта, номзади илмҳои таърих Абдурауф Раззоқов ва ҳамкасбонаш корро дар ҳафриёти ёздаҳуми ёдгории Саразм, ки ковиш дар он аз ибтидои соли 2000 — ум оғоз ёфта буд, идома медиҳанд.
Номбурда дар ин маврид, аз ҷумла, зикр кард, ки «Солҳои пеш аз ҳамин ҳафриёт маъбади боҳашаматро пайдо намуда будем. Соли равон аз самти шарқии маъбад устухонпораҳои зиёди чорвои майдаро ёфтем. Пас аз таҳқиқу муқоисаи оинҳои мазҳабии саразмиён бо дигар оинҳо ва бозёфтҳои солҳои пеш ба чунин хулоса омадем, ки қурбонӣ кардани чорво дар рӯзгори саразмиёни қадим ҳанӯз 5500 сол муқаддам расм будааст. Ёдгории ёфтшудаи ёздаҳум — маъбади қурбонӣ ба охири ҳазорсолаи дуюми пеш аз мелод рост меояд. Яъне қурбонӣ кардани ҳайвонот дар Саразм яку ним ҳазор сол пеш аз замони Ҳазрати Иброҳим расм будааст. Аз ин бозёфт ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки расми қурбонӣ кардан чун дигар урфу одати ниёгони мо аз насл ба насл гузашта, то ба замони Ҳазрати Иброҳим омада расидааст.
Чанд сол муқаддам аломатҳои қурбонӣ кардани гови муқаддаси Тур аз шафати ҳамин маъбад — ҳафриёти ёздаҳум пайдо шуд. Дар Бундаҳишти Авасто омадааст, ки барзагови муқаддаси Тур дар мубориза барои офариниши олам бо дасти қувваҳои аҳриманӣ кушта мешавад ва аз хуни он олами наботот ва аз нутфааш тамоми навъу зоти чорпоён офарида шудааст».
«Дар шафати маъбади қурбонӣ, ҳамчунин, чоҳи гирде пайдо шуд, ки 22 метр чуқурӣ дорад. Ин чӣ гуна иншоот аст ва аз чӣ далолат мекунад? 5500 сол муқаддам ва аз ин ҳам пештар қаторкӯҳҳои водии Зарафшон саросар тармапӯш буданд ва сокинони водиро бо оби нӯшокию полизӣ таъмин мекарданд.
Дар охири ҳазорсолаи сеюми пеш аз мелод дар минтақаи Осиёи Марказӣ хушксолии дуру дароз ба амал меояд ва ин боиси ба дигар мавзеъҳои хушобу ҳаво кӯч бастани сокинон шудааст. Саразмиён ба самти Самарқанд, Бухоро, ба ғарби минтақа ва дараҳои кӯҳистон кӯчида дар ҳамин ҷойҳо ба зиндагии муқимӣ оғоз намудаанд. Бозёфтҳои аз қабристони Зардчахалифа, атрофи Самарқанд, ёдгории Замонбобои атрофи Бухоро, табари биринҷии сойи Ёрӣ, зарфҳои биринҷӣ ва сангнигораҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, табарчаи биринҷии мавзеи Арақчии дараи Варзоб далели ин гуфтаҳо мебошанд»,- афзуд бостоншинос.
Бостоншиноси маъруф ва олими шинохта, яке аз аввалин таҳқиқгарони ёдгории Саразм, таҳқиқгари ёдгориҳои бостонии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Усмон Эшонзода дурустии расми қурбонӣ кардан дар оини мазҳабии саразмиёнро эътироф карда, гуфтааст, ки «На танҳо қурбонӣ кардан, балки бисёр дигар оинҳои мазҳабии саразмиён то ба замони мо расидаанд, ки мардум онҳоро риоя карда, онҳоро гиромӣ медоранд».
Мавриди зикр аст, ки дар натиҷаи ковишҳои беш аз чилсолаи бостоншиносӣ аз Саразм бозёфтҳои бешуморе ба даст омадаанд, ки аз расму оин, фарҳангу ҳунар, шуғл, дар маҷмӯъ тамаддуни шаҳрсозию шаҳрдории саразмиёни қадим шаҳодат медиҳанд.
Лозим ба ёдоварист, ки 33 сол муқаддам Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Б.А.Литвинский изҳор дошта буд, ки: «Ба шарофати Саразм ҳудуди Панҷакент ва тамоми Тоҷикистон ба ҳайати маданияти қадимтарини инсоният дохил мешавад. Ҳамаи ин ба наздикӣ ба китобҳои дарсии таърих дохил мешавад ва онҳоро акнун аз сари нав навиштан лозим меояд».








«ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ!» Дар пойтахт озмуни шаҳрӣ идома дорад
«ФАРҲАНГИ СУМАНАКПАЗӢ». Ин таоми миллӣ хусусияти табобатӣ низ дорад
Сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов соҳиби туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мегарданд
«ДАР ҲУНАР КӮШ, КИ ЗАР ЧИЗЕ НЕСТ…». Фаъолияти Аспармо Мавлоназарова барои рушди ҳунарҳои миллӣ намунаи ибрати ҷавонон аст
Дар Душанбе дар мавзуи Куруши Кабир ва Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ҳамоиш доир гардид
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ноҳияи Мастчоҳ расид
ҲИФЗИ МЕРОСИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Тавассути сиёсати хирадмандона имрӯз ҷаҳониён бо таъриху фарҳанги миллати мо шинос мешаванд
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо «Россотрудничество» ҳамкориро густариш медиҳад
Дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология озмоишгоҳи муштараки муҳити экологӣ ба истифода дода шуд
Фестивали байналмилалии «Сӯзании Панҷакент» баргузор мешавад
«Харитаи хатсайри Шӯриши Восеъ» таҳия мегардад
«ФАРҲАНГИ СУМАНАКПАЗӢ». Номинатсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид






