САРАЗМ. Бостоншиносон дар ин шаҳри қадимӣ барои кашфи саҳифаҳои нави таърихи ниёгон талош доранд

Январь 14, 2020 10:39

ДУШАНБЕ, 14.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додемтибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ  таҷлил намудани  5500-солагии Саразми бостонӣ, ки  он соли оянда ҷашн гирифта мешавад, бунёди 30 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудаастАйни замон  дар  ин  макон  корҳои сохтмонӣ бо маром ҷараён дошта,  сохтмончиён, роҳсозон, меъморон ба бунёди роҳ, осорхона, деворбандии гирдогирди ҳафриёт ва корҳои ободонию хуррамгардонӣ машғул мебошанд.  Бостоншиносон низ ба ифтихори ин ҷашни таърихӣ  дар чанд  макони ин шаҳри қадимӣ барои  кашфи саҳифаҳои нави таърихи ниёгон талош доранд.

Дар  ин робита хабарнигори АМИТ «Ховар» маълумотро пешниҳоди хонандагон менамояд.

Айни ҳол бостоншиноси шинохта, номзади илмҳои таърих Абдурауф Раззоқов  ва  ҳамкасбонаш корро   дар ҳафриёти ёздаҳуми  ёдгории Саразм, ки  ковиш дар он  аз  ибтидои соли 2000 — ум оғоз ёфта буд, идома медиҳанд.

Номбурда дар ин маврид, аз ҷумла, зикр кард, ки «Солҳои пеш аз ҳамин ҳафриёт маъбади боҳашаматро пайдо намуда будем. Соли равон аз самти шарқии маъбад устухонпораҳои зиёди чорвои майдаро ёфтем. Пас аз таҳқиқу муқоисаи оинҳои мазҳабии саразмиён бо дигар оинҳо ва бозёфтҳои солҳои пеш ба чунин хулоса омадем, ки қурбонӣ кардани чорво дар рӯзгори саразмиёни қадим ҳанӯз 5500 сол муқаддам расм будааст. Ёдгории ёфтшудаи ёздаҳум — маъбади қурбонӣ ба охири ҳазорсолаи дуюми пеш аз мелод рост меояд. Яъне қурбонӣ кардани ҳайвонот дар Саразм яку ним ҳазор сол пеш аз замони Ҳазрати Иброҳим расм будааст. Аз ин бозёфт ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки расми қурбонӣ кардан чун дигар урфу одати ниёгони мо аз насл ба насл гузашта, то ба замони Ҳазрати Иброҳим омада расидааст.

Чанд сол муқаддам аломатҳои қурбонӣ кардани гови муқаддаси Тур аз шафати ҳамин маъбад — ҳафриёти ёздаҳум пайдо шуд. Дар Бундаҳишти  Авасто омадааст, ки барзагови муқаддаси Тур дар мубориза барои офариниши олам бо дасти қувваҳои аҳриманӣ кушта мешавад ва аз хуни он олами наботот ва аз нутфааш тамоми навъу зоти чорпоён офарида шудааст».

«Дар шафати маъбади қурбонӣ, ҳамчунин, чоҳи гирде пайдо шуд, ки 22 метр чуқурӣ дорад. Ин чӣ гуна иншоот аст ва аз чӣ далолат мекунад? 5500 сол муқаддам ва аз ин ҳам пештар қаторкӯҳҳои водии Зарафшон саросар тармапӯш буданд ва сокинони водиро бо оби нӯшокию полизӣ таъмин мекарданд.
Дар охири ҳазорсолаи сеюми пеш аз мелод дар минтақаи Осиёи Марказӣ хушксолии дуру дароз ба амал меояд ва ин боиси ба дигар мавзеъҳои хушобу ҳаво кӯч бастани сокинон шудааст. Саразмиён ба самти Самарқанд, Бухоро, ба ғарби минтақа ва дараҳои кӯҳистон кӯчида дар ҳамин ҷойҳо ба зиндагии муқимӣ  оғоз намудаанд. Бозёфтҳои аз қабристони Зардчахалифа, атрофи Самарқанд, ёдгории Замонбобои атрофи Бухоро, табари биринҷии сойи Ёрӣ, зарфҳои биринҷӣ ва сангнигораҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, табарчаи биринҷии мавзеи Арақчии дараи Варзоб далели ин гуфтаҳо мебошанд»,- афзуд бостоншинос.

Бостоншиноси маъруф ва олими шинохта, яке аз аввалин таҳқиқгарони ёдгории Саразм, таҳқиқгари ёдгориҳои бостонии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Усмон Эшонзода  дурустии расми қурбонӣ кардан дар оини мазҳабии саразмиёнро эътироф карда, гуфтааст, ки «На танҳо қурбонӣ кардан, балки бисёр дигар оинҳои мазҳабии саразмиён то ба замони мо расидаанд, ки мардум онҳоро риоя карда, онҳоро гиромӣ медоранд».

Мавриди зикр аст, ки дар натиҷаи ковишҳои беш аз чилсолаи  бостоншиносӣ аз Саразм бозёфтҳои бешуморе ба даст омадаанд, ки аз расму оин, фарҳангу ҳунар, шуғл, дар маҷмӯъ тамаддуни шаҳрсозию шаҳрдории   саразмиёни қадим шаҳодат медиҳанд.

Лозим ба ёдоварист, ки 33 сол муқаддам Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Б.А.Литвинский изҳор дошта буд, ки: «Ба шарофати Саразм ҳудуди Панҷакент ва тамоми Тоҷикистон ба ҳайати маданияти қадимтарини инсоният дохил мешавад. Ҳамаи ин ба наздикӣ ба китобҳои дарсии таърих дохил мешавад ва онҳоро акнун аз сари нав навиштан лозим меояд».

Январь 14, 2020 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Аз ҳудуди ноҳияи Данғара ёдгории нодири меъмории мансуб ба асрҳои IX–XII ёфт гардид
Дар Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
29 август дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоишгоҳи муштараки маҷозии Тоҷикистон ва Эрон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳаввули мутолиаи китоб дар даврони Истиқлолияти давлатӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид
Дар Рӯзи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сокинони пойтахт ганҷинаи нотакрори ҳунар пешниҳод гардид
«CHAKAN HOUSE». Дар Донишгоҳи давлатии Данғара маркази дӯзандагӣ ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ ва ноҳияи Файзобод баргузор мегарданд
Дар Душанбе рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоб баргузор шуд
Имрӯз рӯзҳои фарҳанги шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб ва Роштқалъа баргузор мегарданд
БОЗЁФТИ НОДИР. Сиккаҳои замони Сомониён дар Хутали Қадим кашф гардиданд