SIM-КОРТ НАБОЯД БАРОИ ИСТИФОДА БА ШАХСОНИ ДИГАР ДОДА ШАВАД! Раванди сари вақт дастрас намудани шиносномаи «ID» ва азнавбақайдгирии SIM-кортҳо дар мамлакат чӣ гуна аст?

Январь 22, 2020 09:30

ДУШАНБЕ, 22.01.2020./АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз моҳи марти соли 2014, ки бори нахуст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносномаи нави шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон — корти «ID» ҷорӣ гардид, беш аз 3 миллион нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шуъбаҳои шиносномавии Хадамот бо  корти «ID» таъмин гардиданд. Ин дар ҳолест, ки тибқи омори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар мамлакат  беш аз 6 миллион муштарӣ соҳиби симкортҳои мобилӣ мебошанд.

Мусаллам аст, ки дар  асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» азнавбақайдгирии SIM-кортҳои алоқаи мобилӣ аз ҷониби истифодабарандагон-муштариён дар асоси шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон – «корти ID» гузаронда мешавад. Тибқи ин қарор,  Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ вазифадор гардида буд, ки то 15 августи соли равон ба номи ҳар шахс ба расмият даровардани на зиёда аз ду SIM-кортро бо шиносномаҳои нав—корти «ID» анҷом диҳад. Мутаассифона, то муҳлати муайянгардида тамоми шаҳрвандони мамлакат натавонистанд соҳиби шиносномаҳои «ID» шуда,  SIM-кортҳои телефонҳои мобилии худро аз нав ба қайд  гиранд. Дар ин росто, дар асоси Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ки 15 августи соли 2019  аз ҷониби Раиси  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба  имзо расид, муҳлати  азнавбақайдгирии SIM-кортҳо  бо шиносномаи «ID»  то 15 феврали соли 2020  тамдид гардид. Инак то 15 феврали соли 2020 камтар аз як моҳ боқӣ мондааст. Оё дар ин муддат шаҳрвандони мамлакат имкон пайдо карданд, ки соҳиби шиносномаи нав- корти «ID» гардида, симкортҳои худро аз нав ба қайд гиранд? Бо ин ва дигар саволҳо хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА ба муовини сардори Раёсати шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия  Нуралӣ САФАРЗОДА муроҷиат кард.

Матни пурраи суҳбат дар зер манзури хонандагони сомона мегардад.

АМИТ «Ховар»: Раванди иваз намудани  шиносномаи намунаи соли 1996 ба шиносномаи намунаи соли 2014 ё корти «ID» дар мамлакат дар кадом  сатҳ ҷараён дорад?

Нуралӣ Сафарзода: Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 30 апрели соли  2016  «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он», ки баъдан қарори мазкур аз моҳи августи соли 2019 то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид, дар самти иҷрои ин қарор аз ҷониби Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас андешида шудаанд. Бо мақсади назорати раванди таъмини шаҳрвандон бо корти «ID» роҳбарияти Хадамоти  шиносномавию бақайдгирии  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои Суғду Хатлон, Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи марказ ва минтақаи Рашт  ду маротиба сафари корӣ анҷом дода,  бо шаҳрвандон ва кормандон  оид ба сари вақт  дастрас намудани шиносномаи «ID»,  масъалаҳои марбут ба реҷаи корӣ,  гӯшаҳои иттилоотӣ, телефони боварии  Вазири корҳои дохилӣ  ва сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ  корҳои фаҳмондадиҳию иттилоотӣ гузаронида, моҳияти ин раванди муҳимро баён карданд. Алҳол дар ҷумҳурӣ 104 нуқтаи шиносномадиҳӣ  оид ба қабули аризаи шаҳрвандон дар самти таъмини онҳо бо корти «ID»  фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 420 нафар кормандони Хадамот ба шаҳрвандон хизмат мерасонанд.

АМИТ «Ховар»: Реҷаи корӣ дар  шуъбаҳои шиносномавӣ чӣ тавр ба роҳ монда шудааст?

Нуралӣ Сафарзода: Дар асоси супориши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода реҷаи корӣ дар тамоми шуъбаҳои шиносномавию бақайдгирии Хадамот   дар мавсими тобистон  аз соати 8:00 то 22 ва дар мавсими  зимистон аз соати 8:00 то 20  ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон  бо мақсади иҷрои Қарори мазкур аз ҳисоби роҳбарияти Хадамоти шиносномавию  бақайдгирии  ВКД ҷумҳурӣ   ва шуъбаҳои он ситод  таъсис дода шудааст. Аъзои  ситод дар асоси нақша  ҷараёни таъмини шаҳрвандонро бо  шиноснома ва дигар масъалаҳои  марбута  доимо месанҷанд. Инчунин дар шуъбаҳои Хадамот таҷҳизоти сайёр мавҷуданд, ки кормандон тавассути чунин таҷҳизот бевосита ба манзилҳои зисти шахсоне, ки бемори бистарианд, маъюбон, барҷомондаҳое, ки  ба шуъбаҳои шиносномавӣ ҳозир шуда наметавонанд, рафта, онҳоро бо шиносномаи «ID» таъмин менамоянд. Ҳамзамон дар тамоми шуъбаҳо гӯшаҳои иттилоотӣ таъсис дода шудаанд, ки шаҳрвандон   аз онҳо оид ба раванди иваз кардани шиносномаи намунаи соли 1996 ба корти пластикии «ID» маълумот  гирифта метавонанд.   

АМИТ «Ховар»: Бартарияти шиносномаи  намунаи соли  2014  ё корти «ID» дар чист?

Нуралӣ Сафарзода: Корти идентификатсионӣ дар шароити технологияи муосир хеле муфид аст, зеро доир ба соҳиби он қариб  тамоми маълумоти зарурӣ,   аз қабили  нақши ангуштони даст, маълумот дар бораи гурӯҳи хун ва ҷойи зист дар намуди электронӣ  сабт карда мешавад. Ин барои ошкор кардани ҷиноятҳо, алахусус ҷиноятҳое, ки  ба амнияти давлат  нигаронида шудаанд, хеле муҳим ва зарур мебошад. Дар шароити муосир тамоми шиносномаҳои дунё ба таври биометрӣ  ба роҳ монда шудаанд. Корти  «ID» дорои чип буда, дар он тамоми маълумоти иловагӣ нисбат ба шаҳрванд  ҷой дода шудаанд ва дар махзан маҳфуз буда, дар компютерҳои махсус нигоҳ дошта мешаванд.

АМИТ «Ховар»: Барои гирифтани корти «ID» кадом ҳуҷҷатҳо заруранд?

Нуралӣ Сафарзода: Шаҳрвандон ҳангоми муроҷиат ба шуъбаҳои шиносномавию бақайдгирии Хадамоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ барои гирифтани корти «ID» бояд шиносномаи намунаи соли 1996, варақаи пардохти хизматрасониҳо барои корти «ID», ки 10 доллар, муодил ба 97 сомонӣ аст ва дар хазинаҳои «Амонатбонк» бояд  супорида шаванд, маълумотномаи ҷойи  зист, 1 акси сиёҳ-сафеди 3Х4, рақами мушаххаси андозсупоранда ва дафтари ҳавлиро пешниҳод намоянд. Шиносномаи намунаи соли 2014 дар зарфи 10 рӯз омода мегардад.

АМИТ «Ховар»: Аз соли 2014 то имрӯз чӣ теъдод аз шаҳрвандони мамлакат соҳиби шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон- корти «ID» гардидаанд?

Нуралӣ Сафарзода: Зарфи соли 2019 то 10 январи соли 2020   1 миллиону 230 ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат соҳиби  шиносномаи  намунаи соли 2014 гардиданд, ки ин рақам нисбат ба соли 2018 700 ҳазор адад зиёд аст. «Шурӯъ аз моҳи марти соли 2014, ки бори нахуст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносномаи нави шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон — корти «ID» ҷорӣ гардид, беш аз 3 миллион нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шуъбаҳои шиносномавии Хадамот бо  корти «ID» таъмин гардиданд. Ин дар ҳолест, ки тибқи омори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар мамлакат  беш аз 6 миллион муштарӣ соҳиби симкортҳои мобилӣ мебошанд. Инчунин назар ба маълумоти Агентии омори  назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  дар ҷумҳурӣ 5 миллиону  996 ҳазору 100 нафар  шаҳрвандони болиғ, ки синнашон  аз  16 боло  ба қайд гирифта шудаанд, бояд шиноснома дошта бошанд. Иқтидори пурраи Хадамоти  шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар асоси реҷае, ки вуҷуд дорад, таъмини  1,2,-1,3 миллион ва агар фаъолиятро пурзӯр намоем, то 1,5 миллион шиноснома дар як сол мебошад.

АМИТ «Ховар»: Рафиқ полковник,  то 15 феврал вақти кам мондааст. Аз гуфтаҳои Шумо бармеояд, ки то ин муддат  на ҳамаи шаҳрвандон имкони иваз кардани шиносномаҳои намунаи соли 1996 –ро ба корти «ID»-доранд. Пас чӣ бояд кард?         

Нуралӣ Сафарзода: Мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  шиносномаи намунаи соли 1996  баъди 40-солагӣ бемуҳлат аст. Ягон  сохтор,  воҳид, идора ё шаҳрванд ҳуқуқ надорад, ки шиносномаи соли 1996-ро эътироф накунад. Муҳлати шиносномаи  намунаи соли 1996 то рӯзе, ки шаҳрванд  дар қайди ҳаёт аст,  эътибор дорад. Хусусан нафақахӯрон, шахсони пиронсол ва умуман дигар шаҳрвандон, ки агар симкорт надошта бошанд,  ҳоҷат надоранд, ки шиносномаи намунаи соли 1996-ро  ба корти «ID» -шиносномаи намунаи соли 2014 иваз намоянд. Боз ҳам такрор менамоям, ки агар симкорт надошта бошанд. Ин гурӯҳи шаҳрвандон имкон доранд камтар таваққуф намоянд, то издиҳоме, ки имрӯзҳо  дар нуқтаҳои шиносномавию бақайдгирии ҷумҳурӣ мушоҳида мегардад,  бартараф карда шавад, баъдан фурсат меёбанд, то шиносномаи соли 1996 –ро ба корти «ID» бидуни саросемагӣ иваз намоянд.

Ҳарчанд айни замон кормандони шуъбаҳои  шиносномавии Хадамот дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар асоси реҷаи кории муқарраргардидаи мавсими зимистон  аз соати 8:00 то 20:00  фаъолият  менамоянд, вале  навбати шаҳрвандон  барои гирифтани шиноснома  то ҳафтаҳо тӯл  кашида истодааст. Зеро дар мавсими зимистон қатъ гардидани неруи барқ ва хати интернетӣ мушоҳида мегардад. Инчунин бинобар кам мондани  муҳлати иҷрои қарор муроҷиати шаҳрвандон  барои гирифтани  шиноснома  афзудааст. Дар ин росто тамдид гардидани иҷрои қарори мазкур бо назардошти гуфтаҳои боло аз эҳтимол дур нест.

АМИТ «Ховар»: Аз шаҳрвандон дар кадом ҳолатҳо ҷарима ситонида мешавад?

Нуралӣ Сафарзода: Дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон вақте ки шаҳрванд шиносномаашро гум мекунад, ё  бо дигар сабабҳо вайрон менамояд, аз сабаби беэътибор будани он   бори аввал аз 1 то 2 нишондиҳанда (1 нишондиҳанда 58 сомонӣ муқаррар карда шудааст) ҷарима пардохт менамояд. Давоми сол ин ҳолат агар маротибаи дуюм такрор ёбад, ҳаҷми ҷарима то 10 нишондиҳанда боло рафта, он дар асоси санадҳои зарурӣ тартиб дода мешавад. Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки маблағи ҷарима ва маблағи  шиносномаи нави намунаи соли 2014-ро ҳатман дар нуқтаҳои хизматрасонии «Амонатбонк» пардохт намоянд. Дар гӯшаҳои иттилоотӣ, ки  дар тамоми нуқтаҳои шиносномадиҳӣ овезон аст, навишта шудааст, ки шаҳрванд бояд маблағро дар «Амонатбонк» супорад. Ҳангоме ки  маблағ аз ҷониби шаҳрвандон дар шуъбаҳои «Амонатбонк» супорида мешавад, ҳолатҳои коррупсионӣ аз байн мераванд.

АМИТ «Ховар»: Имрӯзҳо дар байни  мардум овозае ҳаст, ки гӯё шиносномаи намунаи соли 2014 — корти «ID» ҳам иваз мешавад. Ин овоза то чӣ андоза ба ҳақиқат наздик аст?

Нуралӣ Сафарзода: Ин овозаро мо ҳам шунидаем ва он комилан асос надорад. Дар ин бора аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ягон қарор қабул нашудааст. Вақте ки шиносномаи намунаи соли 1996 ба корти «ID» иваз шавад,  пас чӣ зарурат  аст, ки боз шиносномаи нав ҷорӣ гардад. Шиносномаи нави намунаи соли 2014 ё корти «ID» ҷавобгӯи талаботи байналмилалист.

АМИТ «Ховар»: Барои гирифтани шиносномаи намунаи соли 2014 барои кадом табақаҳои  ҷомеа имтиёз муқаррар гардидааст?

Нуралӣ Сафарзода: Нафақахӯрон, маъюбони гурӯҳи  1-2  ва иштирокчиёни  Ҷанги дуюми ҷаҳон ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда аз пардохти маблағи шиноснома озод карда шудаанд. Вале ин қишри шаҳрвандон вақте ки шиносномаро гум ё вайрон мекунанд,  ҳатман ҷарима месупоранд. Дар ҳолати хуб нигоҳ доштани шиносномаи шаҳрвандӣ-ин эҳтиром нисбат ба  муқаддасоти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрвандон аст.  Дар шуъбаҳои шиносномавии Хадамот тамоми шароити корӣ, хусусан таҷҳизоте, ки барои фаъолияти Хадамоти шиносномадиҳӣ заруранд, фароҳам оварда шудааст. Кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ саъй доранд, ки Қарори мазкур  амалӣ гардида, тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шиносномаи намунаи соли 2014 таъмин шаванд. Шаҳрвандон баъди он ки соҳиби шиносномаи нав ё корти «ID» мегарданд, бояд ҳатман ба намояндагиҳои ширкатҳои мобилӣ  рафта, симкортҳои худро аз нав ба қайд гиранд, зеро  то ҷое мо хабар дорем, баъзе шаҳрвандон 5-6 ва ҳатто то 10 симкорт доранд. Шаҳрванде, ки дар доираи қонун зиндагӣ мекунад ва ҳуқуқҳои худро медонад, истифода аз 1 симкорт барояш кифоя аст. Зеро ҳадафи  қарори  мазкур ба таъмини амнияту суботи давлат ва шаҳрвандон нигаронида шудаааст.

Бори дигар ёдовар мешавем, ки пайвасткунии SIM-кортҳо  танҳо  бо шиносномаи намунаи соли 2014  ва иштироки бевоситаи худи шаҳрванд сурат мегирад. SIM-корт  набояд барои истифода  ба шахсони  дигар дода шавад.  Операторон   набояд зиёда аз ду SIM-кортро ба номи як шахс ба расмият  дароранд. Ба шахсони ноболиғ, яъне то 16- сола гирифтани SIM-корт манъ аст.

                        Мусоҳиб
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Январь 22, 2020 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки гурӯҳҳои корӣ ҷаласа баргузор шуд
Прокуратураи генералӣ: «Худ ва наздиконатонро аз ҳамлаҳои хакерӣ эмин нигоҳ доред!»
Дар шаҳри Москва бо афсарону курсантони тоҷик вохӯрӣ доир шуд
Ҷаласаи кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Ҷаласаи мушовараи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид
Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши идона доир гардид
САВГАНДИ ҲАРБӢ. Дар қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ маросими қасамёдкунӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҳиндустон мулоқот намуд
Ҳамкории мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе бо Департаменти ҷамъиятии бехатарии шаҳри Нанкини Чин густариш меёбад
Тоҷикистон ва Чин робитаҳои дуҷонибаро дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисос таҳким мебахшанд
Дар Туркманистон масъалаи бешаҳрвандӣ ва бақайдгирии таваллуди кӯдак дар давлатҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд