Субҳон Кошонов имрӯз дар синни 66-солагӣ аз олам даргузашт
ДУШАНБЕ, 22.01.2020/АМИТ «Ховар»/. Субҳон Кошонов, журналисти маъруф, собиқ сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва раиси кумитаи иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» имрӯз дар синни 66-солагӣ аз олам даргузашт.
Субҳон Кошонов соли 1953 таваллуд шудааст.
Мавсуф аз соли 1993 дар вазифаҳои мудири бахши сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносии Институти иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалии АИ ҶТ (1993-1996), машваратчии калони хадамоти матбуоти Президенти ҶТ (1996-1997), Ёрдамчии Президенти ҶТ (1997-2000), сармуҳаррири нашрияи расмии ҶТ «Ҷумҳурият» (2000-2005), Мушовири Президенти ҶТ оид ба сиёсати кадрҳо (2005-2007), Мушовири калони Президенти ҶТ оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа (2007- 2014) ифои вазифа намудааст.
Субҳон Кошонов аз моҳи феврали соли 2014 то имрўз ба ҳайси Раиси Кумитаи иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Пайванд кор мекард.
Ў номзади илми сиёсатшиносӣ (1982), дотсент, хатмкардаи факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1975), коромўз ва аспиранти Пажўҳишгоҳи фалсафаи Академияи Илмҳои ИҶШС (1976-1982) буд. Солҳо дар Донишгоҳи омўзгории Қўрғонтеппа ба сифати муаллими калон, мудири кафедраи фалсафа, ноиби ректор оид ба корҳои илмӣ (1984-1993) фаъолият доштааст.
Субҳон Кошонов муаллифи чанд рисола, мақолаҳои зиёди илмӣ ва оммавӣ аст. Ба таври мунтазам оид ба ин ё он масъалаҳои ҷомеашиносӣ, ба хусус роҷеъ ба «Ташаккули зиёиёни тоҷик ва муносибати байни миллатҳо», «Тарбияи интернатсионалии ҷавонони деҳот» асарҳо таълиф намуда, дар чандин конфронсу семинарҳои байналмилалӣ дар кишварҳои Австрия, Булѓория, Қазоқистон, Қирѓизистон, Лаҳистон, Олмон, Россия, Туркия, Фаронса ва ШМА иштирок ва сухаронӣ кардааст.
Оиладор ва соҳиби ду фарзанд буд.
Хотиррасон менамоем, ки намози ҷанозаи марҳум соати 16:00 дар Масҷиди марказии Душанбе баргузор мегардад.








Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад






