Зулфия Давлатзода: «Гузаштагонамон унсурҳои ҷашни Садаро пайки сулҳу субот, некиву хайрхоҳӣ ва ободкориву сабзгардонӣ медонистанд»

Январь 30, 2020 15:40

ДУШАНБЕ, 30.01.2020 /АМИТ «Ховар»/.  29 январ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таҳти унвони «Ҷашни Сада ва суннатҳои он» ҳамоиши фарҳангӣ доир гардид. Дар ҳамоиши  мазкур  Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода,  ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат, доктори илмҳои филологӣ Муҳриддин Низомӣ, устодон ва донишҷӯён иштирок намуданд. 

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ҳозиринро бо ҷашни миллӣ табрик намуда, аз дастовардҳои назарраси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуд. Ӯ пешрафту тараққиёти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла рушду нумӯи фарҳанги миллиро самараи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  арзёбӣ намуд.

«Иди Садаро гузаштагонамон чун рамзи омодагӣ ба Наврӯз ҷашн гирифта, унсурҳои онро пайки сулҳу субот, дӯстиву рафоқат, некиву хайрхоҳӣ, ободкориву сабзгардонӣ медонистанд. Фарорасии он махсусан ба кишоварзону деҳқонон муждарасони омодагӣ  ба кишту кор буд, ки ин падида имрӯз ҳам рисолати худро пойбарҷо нигоҳ медорад»,- гуфт Зулфия Давлатзода.

Ҳамчунин ӯ аз ҳаёти мардуми Афғонистон ва дигар кишварҳои ҷангзада мисолҳои мушаххас оварда, ба аҳли толор муроҷиат намуд, ки сулҳу суботи саросарии мамлакатро гиромӣ дошта, дар ҳифзи ин неъмати бебаҳо саъю талош варзанд.

Ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», доктори илмҳои филологӣ Муҳриддин Низомӣ зикр намуд, ки  «Сада аз ҷашнҳои қадимии мардуми ориёист ва оғози  он аз давраи подшоҳии Пешдодиён сарчашма мегирад. Бунёнгузори он Каюмарс — дувумин шоҳ аз Пешдодиён мебошад ва қабл аз он ҳеҷ гуна ҷашне ёдоварӣ нашудааст. Дар ҳоле ки Наврӯз ба номи Ҷамшед- чаҳорумин шоҳи Пешдодиён ва Меҳргон ба номи Фаридун, ки беш аз ҳазор сол баъд аз Ҷамшед ба шоҳӣ расид, вобаста мебошанд».

Ҳамчунин омӯзгори калони кафедраи филологияи донишкада Нозим Нуров дар мавзӯи  «Ҷашни Сада-таҷрибаи ҳамбастагию ҳамзистӣ»  маърӯза карда, рамзу суннатҳои хоси ҷашни Садаро дар асоси сарчашмаҳо баррасӣ намуд. Ӯ иброз дошт, ки нуктаи меҳварӣ дар ҷашну ойинҳои миллӣ, аз ҷумла Сада он аст, ки ҳамагӣ ба нуру рӯшноӣ ва меҳру фурӯзандагӣ тавъаманд. Гузашта аз ин, онҳо бо замин ва аносири заминӣ — замину хок (Наврӯз), об (Тиргон), боду осмон (Меҳргон) ва оташу рӯшноӣ (Сада) робитаи ногусастанӣ доранд. Маҳз ҳамин нуктаи калидӣ — ба аносири заминӣ ва моддӣ-материалӣ часпиши бевосита доштани иду ҷашнҳои бостонии миллӣ онҳоро миёни қавм чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯза зинда нигаҳ  доштааст.

Январь 30, 2020 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд