7 паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи «Rabat Grand Prix 2020» иштирок мекунанд

Февраль 26, 2020 08:46

ДУШАНБЕ, 26.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Аз 6 то 8 март дар пойтахти Марокаш — шаҳри Работ мусобиқаи калони «Rabat Grand Prix 2020» баргузор мешавад. Дар мусобиқаи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистонро  7 нафар паҳлавонони шинохта муаррифӣ мекунанд.  Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ иштироки 646 нафар варзишгарон, аз ҷумла 379 мард ва 267 зан аз 95 давлати   дунё   дар назар аст.        

Ёдовар  мешавем, ки  моҳи  марти соли 2019  дар Марокаш мусобиқаи байналмилалии дзюдо аз силсилаи мусобиқоти Гран При баргузор шуд, ки дар он варзишгари тоҷик Темур Раҳимов  сазовори медали  биринҷӣ гардида буд.

Дар он мусобиқаи бонуфуз аз Тоҷикистон се нафар паҳлавонон — Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни -73 кг, Акмал Муродов дар вазни -81кг ва Темур Раҳимов дар вазни аз 100 кг боло дар қатори 487 нафар варзишгарон (288 мард, 199 зан) аз 71 давлати дунё иштирок карданд.

Темур Раҳимов дар аввалин рақобаташ бар варзишгари ҳолландӣ Ҷ. Спикерс пирӯз гардида, аз ғолиби мусобиқа дар ин вазн -Свен Ҳейнлии немис мағлуб шуд. Дар зӯрозмоиҳо барои медали биринҷӣ Темур бар Файсал Ҷабадаҳ  аз Тунис ғалаба карда,   Валадут Симонескуро аз Руминия шикаст дод ва дар натиҷа ба гирифтани медали биринҷии Гран Прии Марокаш ноил гардид.

Дар ин вазн Свен Ҳейнли (Германия) -барандаи медали тилло, Ерасул Казибаев (Қазоқистон) -соҳиби медали нуқра ва Темур бо Андрей Колесник  аз Украина  барандагони медалҳои биринҷӣ гардиданд.

Намояндаи дигари дзюдои Тоҷикистон -Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 73 кг дар аввалин қувваозмоӣ аз Серик Акилбеки қазоқ мағлуб гардида, бо ҳамин муборизаро барои медалҳо аз даст дод.

Дар вазни то 81 кг Акмал Муродов низ ба нокомӣ рӯ ба рӯ шуда, дар зӯрозмоии нахустин аз Мабуи Калонҷӣ аз кишвари Когои Демократӣ мағлуб гардид.

Хотиррасон менамоем, ки Федератсияи байналмилалии дзюдо ба ғолибони ҷойҳои аввал 3000 доллари ИМА, ба ҷойҳои дуюм 2000 доллар ва ба ҷойҳои сеюм 1000 доллари ИМА ҷоиза тақдим  карда буд. Ҳамчунин иштирокчиёни мусобиқа   соҳиби холҳои олимпӣ гардида буданд.

Февраль 26, 2020 08:46

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд