ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар соҳили «Баҳри Тоҷик» маҷмааи нави истироҳатию сайёҳӣ сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 26.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд маҷмааи нави истироҳатию сайёҳӣ ба истифода дода мешавад.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ дод, маҷмааи истироҳатию сайёҳӣ дар мавзеи хушбоду ҳавои соҳили «Баҳри Тоҷик» бо назардошти талабот ба ҷойҳои нави истироҳату табобат сохта мешавад. Маҷмааи истироҳатӣ аз панҷ ошёна ва таҳхона иборат мебошад.
Дар ҳудуди маҷмаа барои фароғати истироҳаткунандагон ҳавзи шиноварӣ ва дигар шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад. Айни замон дар ин митақаи сохтмонӣ садҳо нафар ба корҳои бунёдӣ ҷалб гардидаанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар саҳни истироҳатгоҳ ниҳолҳои ороишӣ ва мевадиҳанда шинонид.
Ба истифода додани ин гуна иншоот дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои ҷалби бештари таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистони дорои табиати зебою имконоти зиёди туристӣ такони тоза бахшида, ҷиҳати муаррифии санъату тамаддуни пурғановати миллати мо ба хориҷиён имконоти васеъ фароҳам меоварад.
Зимнан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 августи соли 2019 дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз меҳмонхонаҳои атрофи «Баҳри Тоҷик» дидан намуданд. Сарвари давлат ба сохтмончиён барои иҷрои босифати корҳо ва истифодаи меъёрҳои меъморӣ, бо нақшу нигори миллӣ ва санъати волои бунёдкориҳо оро додани бино дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ба пешвози ҷашни бузурги умумимиллӣ-30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд бунёди қариб 7000 иншооти дорои таъйиноти гуногун, аз ҷумла зиёда аз 40 меҳмонхона ба нақша гирифта шудааст.
Айни замон дар шаҳри Хуҷанд барои қабули сайёҳон 13 меҳмонхона бо имконияти қабули 680 нафар дар як вақт фаъолият доранд.
Барои сайёҳон 14 нуқтаи фурӯши маҳсулоти ороишӣ аз сангҳою металлҳои қиматбаҳо, туҳфаҳои хотиравӣ ва намунаи ҳунарҳои дастии ҳунармандон ташкил гардидаанд.
Акс аз бойгонӣ








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ сохтмони якчанд иншооти ҷашнӣ идома дорад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Хоҷагии деҳқонии «Меҳнатобод» 3 тонна қаланфури булғорӣ ба фурӯш баровард
Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои фаъолияткунанда 4 фоиз зиёд гардидааст
Дар Хатлон ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ беш аз 30 миллиард сомониро ташкил додааст
РУШДИ САНОАТ. Дар Тоҷикистон шумораи коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ба 4 ҳазор мерасад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Зафаробод Маркази хизматрасонии «Зарафшон» ба истифода дода шуд
Чаро имсол дар Тоҷикистон истеҳсоли асал кам гардидааст?
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ «AI Conf 2025» баргузор шуд
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Суғд ба беш аз 28 миллиард сомонӣ расид
«AI CONF». Дар доираи конфронси байналмилалӣ намоишгоҳи иноватсионӣ баргузор гардид
Дар Шуғнон то охири сол неругоҳи барқи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Дар Душанбе оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар соли 2025 ҷаласа доир шуд






