ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Сохтмончиёни Мастчоҳ аз масолеҳи сохтмонӣ ва таҷҳизоти истеҳсолии корхонаҳои ватанӣ пурсамар истифода мебаранд
ДУШАНБЕ, 04.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳраки Ганҷободи ҷамоати шаҳраки Суғдиёни ноҳияи Мастчоҳ бо мақсади беҳтар намудани шароити таълиму тарбия барои 360 нафар хонанда муассисаи нави таълимӣ бунёд мегардад. Барои сохтмони иншооти мазкур аз ҳисоби буҷети давлатӣ 12 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ба масъулин бобати дар муҳлати пешбинишуда ба истифода додани муассисаи таълимӣ дастур дод. Ҳамчунин супориш дода шуд, ки дар рафти корҳои бунёдӣ аз масолеҳи сохтмонӣ ва таҷҳизоти истеҳсолии корхонаҳои ватанӣ, аз ҷумла дару тиреза ва мизу курсиҳо самаранок истифода карда шавад.
Мавриди зикр аст, ки бинои таълимӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ду баст сохта шуда, фармоишгар Идораи сохтмони асосии вилоят ва паймонкор ҶДММ «Сохтмон — 3» — и ноҳия мебошад.
Имрӯзҳо корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур босуръат идома дошта, ба он беш аз 40 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ ҷалб гардидаанд.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади дар сатҳи баланд ва бо дастовардҳои арзанда пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ як зумра иншооти иҷтимоӣ бунёд мегарданд.








Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад






