Бар асари сӯхтор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чор узви як оила ба ҳалокат расиданд
ДУШАНБЕ, 26.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бар асари сӯхтор чор нафар узви як оила ба ҳалокат расидаанд. Ҳалокшудагон шаҳрванд Абдуалӣ Раҷабови 28-сола, ҳамсараш Сайида Раҷабоваи 25-сола буда, фарзандонашон Сафияву Кабирҷон 4 ва 3- сол доштаанд.
Тибқи маълумоти навбатдори фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд шаби 25 феврал, тахминан соати 03:04 дар ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар хонаи истиқоматии шаҳрванд Раҷабов Абдумавлон Раҷабович сӯхтор ба амал омад.
«Кормандони хадамоти давлатии сӯхторнишонӣ дар муддати кӯтоҳ сӯхтори азимро хомӯш карданд. Мутаассифона, дуди ғализ ва забонаи оташ, ки ҳама роҳҳои хуруҷро баста буд, сабаби марги бошандагони хона гардид», — омадааст дар иттилоияи манбаъ.
Сабабҳои сар задани сӯхтор аз ҷониби мақомоти дахлдор тафтиш гардида истодаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки дар истифодаи асбоби барқӣ эҳтиёткор бошанд. Бахусус дар вақти хоб асбоби барқиро хомӯш кунанд.








Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






