«Баъзе мушкилоти забони давлатӣ дар китобҳои дарсӣ» — дар ин мавзӯъ бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ машварат доир мегардад

Февраль 20, 2020 10:40

ДУШАНБЕ, 20.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. «Баъзе мушкилоти забони давлатӣ дар китобҳои дарсӣ» — таҳти чунин унвон пагоҳ, 21 феврал, соати 10:00 дар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машварат доир мегардад. Кумитаи забон ва истилоҳоти ҷумҳурӣ  аз ташкилкунанагони асосии он ба шумор меравад.

Тавре Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор  Олимҷон Муҳаммадҷонзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда Анварӣ иброз намуд, машварат ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ, ки ҳамасола 21 феврал дар ҷаҳон таҷлил мегардад, бахшида мешавад.

«Забон сарчашма, калиди ҳамаи маънавиёт ва сарвати маънавии инсон ба шумор меравад, ки он барои камолот ва ташаккули инсонҳо дар рӯҳияи инсонпарварӣ хидмат мекунад. Эҳтиром ба забони модарии худ, фарҳанг ва тамаддуни хеш эҳтиром ба тамаддуни дигар инсонҳоро нишон дода, байни онҳо решаи дӯстӣ ба вуҷуд меорад», — зикр кард Олимҷон Муҳаммадҷонзода.

Бино ба маълумоти номбурда, ташкил кардани машварат дар мавзӯи баъзе мушкилоти забони давлатӣ дар китобҳои дарсӣ бесабаб нест, зеро ин яке аз  масъалаҳои мубрам мебошад. Ба ҳамин хотир машварат бо ҷалби намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, донишгоҳу донишкадаҳо, Коллеҷи омӯзгории шаҳри Душанбе, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ доир мегардад. Дар он як зумра масъалаҳои вобаста ба забони барномаҳои китобҳои дарсӣ, мушкилот ва рушди забони давлатӣ дар муассисаҳои таълимӣ, беҳгардонии забони китобҳои дарсӣ ва ғайра мавриди  баррасӣ қарор дода мешаванд.

Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамасола Рӯзи  байналмилалии забони модариро дар муассисаҳои илмӣ ва олии мамлакат, инчунин дар мактабҳои миёна   бо баргузор намудани конфронсҳо, мизҳои мудаввар ва семинарҳо таҷлил мекунад.

Рӯзи  байналмилалии забони модарӣ бо мақсади ҳифзи забонҳо ва фарҳангҳои гуногуни ҷаҳон дар иҷлосияи 30-юми конфронси генералии ЮНЕСКО, ки 17 ноябри соли 1999 баргузор гардида буд, эълон шуд.

Иқдоми ЮНЕСКО дар масъалаи қабули Рӯзи байналмилалии забони модарӣ-ин даъват кардани давлатҳои рӯйи олам ба эҳтирому арҷгузорӣ ва ҳимояи ҳамаи забонҳо мебошад, ки дар замони ҷаҳонишавӣ зери таҳдиди нобудшавӣ қарор доранд.

Ба ақидаи забоншиносон, дар шароити тезутунди ҷаҳонишавӣ ҳифзи забони модарӣ ҳамчун унсури таркибии фарҳанги миллӣ аз мушкилотест, ки сари он бояд меросбарони забон амиқ андеша намоянд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар баробари рушд ва вусъати бештар пайдо намудани доираи нуфузи забони давлатӣ, ҷиҳати инкишофи забон ва фарҳанги ақаллиятҳои миллии муқими Тоҷикистон тадбирҳои зиёд амалӣ менамояд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар бораи забон қабул шудаанд, ҳифзи забони давлатӣ ва дигар забонҳои ҳудуди ҷумҳуриро таъмин менамоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар суханрониҳои хеш масъалаи поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ ва баланд бардоштани мақоми онро дар ҷомеа ба миён мегузоранд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари забони давлатӣ барои истифодаи озоди забонҳои модарии намояндагони дигар миллату халқиятҳои сокини мамлакат тамоми шароит ва заминаҳои ҳуқуқӣ муҳайё гардидаанд.

Февраль 20, 2020 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҚАЛАМДОРӢ-МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРИСТ». Таҳти ин унвон маҳфили адабии нависанда Садриддин Ҳасанзода доир шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе намоиши дастнависҳо, нусхаҳои чопи сангӣ ва хушнависиҳои ашъори Ҳофизи Шерозӣ баргузор шуд
Мехоҳед таътили тобистонаи фарзандатон босамар гузарад? Пас ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон биёяд
Дар шаҳри Норак 2 ёдгории бостонӣ кашф ва таҳқиқ карда шуд
Дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ». Дар Вазорати фарҳанг ҳамоиши илмӣ доир гардид