Чаро кишоварзони шаҳри Турсунзода аз истеҳсоли 2753 тонна пахта қариб 3 миллион сомонӣ зарар диданд?
ТУРСУНЗОДА, 13.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Турсунзода ба масъулин савол дод, ки чаро соли 2019 кишоварзони шаҳр аз истеҳсоли пахта ба ҷои фоида зарар диданд? Муовини раиси шаҳр оид ба соҳаи кишоварзӣ Ҳамдам Долизода ба ин савол чунин посух дод:
Кишоварзони шаҳр соли сипаригардида дар 1520 гектар чигит кишт карданд. Аз сабаби номусоид омадани боду ҳаво 150 гектар замини кишт нобуд гардида, хоҷагиҳои деҳқонӣ такроран пунбадона кишт намуданд. Мутаассифона, соли 2019 ҳарчанд Вазорати кишоварзӣ ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон нархи як тонна пахтаро 6700 сомонӣ муайян карда бошанд ҳам, вале корхонаҳои коркарди пахта як тонна пахтаро аз 4000 сомонӣ то 4300 сомонӣ қабул карданд. Дар сурате ки соли 2018 як тонна пахта аз 5000 то 5500 сомонӣ харидорӣ гардида буд. Аз ҳисоби арзон харидорӣ шудани пахта кишоварзони шаҳри Турсунзода аз истеҳсоли 2753 тонна пахта қариб 3 миллион сомонӣ зарар диданд.
Бояд гуфт, ки соли 2019 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории шаҳри Турсунзода ба маблағи 606,1 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли 2018 30,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла, истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ 469,3 миллион сомонӣ ва маҳсулоти чорводорӣ 136,8 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ин матлабро зимни нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода иброз намуд.
Ба маълумоти номбурда, соли 2019 ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва мамлакатҳои Афғонистон, Покистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Россия 67 ҳазору 872 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст.








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






