Дар Душанбе Сафири Россия медалҳоро бахшида ба 75-солагии Ғалаба ба собиқадорон тақдим намуд
ДУШАНБЕ, 13.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Душанбе Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов бахшида ба 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба собиқадорон медалҳои ҷащнӣ тақдим кард.
Мукофоти олиро, ки бо фармони Президенти Россия ба муносибати Соли гиромидошт ва шараф ташкил шудааст, аз дасти Сафири Россия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов шаш нафар собиқадорони тоҷикистонӣ, ки барои ба даст овардани Ғалабаи бузург хизматҳои зиёд кардаанд, гирифтанд.
Барои арҷ гузоштан ба собиқадорон ва сари таъзим фуруд овардан ба онҳое, ки ин рӯз- лаҳзаи олии ҳаётро ба мо додаанд, намояндагони ҳайатҳои дипломатии мустақар дар Тоҷикистон, низомиёни пойгоҳи ҳарбии 201-уми Россия, кормандони намояндагии Бунёди рушди «Институти таҳқиқоти Авруосиё» ва донишҷӯёну мактаббачагон омада буданд.
«Чор омил буд, ки пирӯзии мардуми шӯравиро бар Германияи фашистӣ таъмин намуданд — ҷасорат ва қаҳрамонӣ, ҳаракати партизании оммавӣ, ҳамбастагӣ ва ваҳдати ҳамаи Иттиҳоди Шӯравӣ ва ақибгоҳи қавӣ», — гуфт сафир зимни маросим дар Маркази илму фарҳанги Россия.
Клавдия Коршунова, Рауза Валетова, Екатерина Леонидова, Александр Струнаев, Елена Степовская и Анна Гаврикова соҳиби мукофот гардиданд. Ҳамаи онҳо дар замони ҷанг дар ақибгоҳ меҳнат карда, ба сафи пеш кумак расонданд. Зимни қабули медал собиқадорон муҳимияти ҳифзи сулҳу суботро дар ҷумҳурӣ, минтақа ва ҷаҳон зикр намуданд.
Фармон дар бораи мукофотонидани собиқадоронро президенти Россия Владимир Путин имзо кард.
Тавре АМИТ «Ховар» хабар дод, қаблан бахшида ба 75-солагии Ғалаба собиқадорони ҷанг — сокини шаҳри Душанбе Олег Соболеви 96-сола, ки баъд аз ҷанг дар АМИТ «Ховар» беш аз ним аср кор кардааст, инчунин сокинони вилояти Суғд Абдуқодир Холматов, Абдулло Ҷӯраев ва Улмас Мирзоортиқов медалҳои ҷашнӣ гирифта буданд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати Тоҷикистон, айни замон дар ҷумҳурӣ 198 собиқадори Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ боқӣ мондааст. Тақрибан 300 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ба сафи пеш (фронт) рафта, зиёда аз 92 ҳазор нафар барнагаштаанд.











Намояндаи Тоҷикистон бо Раиси Шурои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид мулоқот намуд
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО баргузор гардид
Масъалаҳои афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар соҳаи иқтисод баррасӣ гардиданд
Дар Анқара рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид
Ҷаласаи раёсати Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО оғоз гардид
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ гардид
Дар шаҳри Берлин муколамаи сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Олмон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо мудири кулли Вазорати корҳои аврупоӣ ва хориҷии Австрия мулоқот намуд
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ин озмуни ҷумҳуриявӣ киҳо иштирок карда наметавонанд?
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҳамоиши ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея дар соҳаи маориф иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо ҳамватанони бурунмарзии муқими шаҳри Вена мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо волии шаҳри Анқара мулоқот намуд






