Дар Италия 100 ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, дар баъзе минтақаҳо карантин эълон гардидааст
ДУШАНБЕ, 24.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Айни замон дар Чин шумораи сироятҳои нави коронавируси 2019-nCov кам гашта, дар дигар кишварҳо ҳолатҳои нави ин беморӣ ба қайд гирифта шудаанд. Масалан, дар Италия шумораи сироятшудагон ба 100 нафар расидааст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба БЕЛТА хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи якшанбе Губернатори вилояти шимолии Ломбардия Аттилио Фонтана дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Sky TG-24 изҳори назар намудааст.
«Шаби гузашта шумораи беморони тасдиқшуда танҳо дар Ломбардия ба 89 нафар расид. Аз ин рӯ, гумон меравад, ки дар тамоми кишвар, он бешак аз 100 нафар гузаштааст»,- гуфт Фонтана.
Бино ба гуфти ӯ, теъдоди зиёди одамон, чунончи интизор меравад, ба карантин фаро гирифта мешаванд. Ҳукуматдорон имконияти истифодаи госпиталу пойгоҳҳои ҳарбӣ, ҳамчунин беморхонаҳои кӯҳнаи аз истифода баромада ва муҷаҳҳаз намудани меҳмонхонаҳоро барои ин мақсадҳо пешбинӣ менамоянд.
Ба ҷуз Ломбардия 17 нафар дар Венето, 2 нафар дар Эмилия ва 1 нафар дар Пемонте гирифтори беморӣ гаштаанд. Ҳамчунин вирус дар ду сайёҳи чинӣ — зану шавҳар дар Ласио ошкор гардид ва ҳоло онҳо дар касалхонаи донишкадаи миллии бемориҳои сироятии «Спаллансани» дар шаҳри Рим табобат мегиранд.
Ду нафар — зани солхӯрда дар Ломбардия ва марди 78 -сола дар Венето бар асари коронавирус фавтиданд. Тахмин меравад, ки ташхиси бемории онҳо дер сурат гирифтааст.
Дар ҷаласаи таъҷилии Шӯрои вазирони Италия 22 феврал санади махсус дар бораи тадбирҳои пешгирии паҳншавии беморӣ қабул гардид. Ба сокинони манотиқи мамнуъ, ки дар онҷо беморӣ ошкор гаштааст, аз хона баромадан манъ, инчунин тамоми фаъолият, аз ҷумла, таҳсил низ манъ шудааст.
Дар ин манотиқ муассисаҳои давлативу шахсӣ, осорхонаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ баста ва ҳамаи чорабиниҳои фароғатӣ, варзишӣ бекор карда шудаанд. Барои вайрон кардани қоидаҳои карантин муҷозоти ҷиноӣ пешбинӣ гардидааст.
Ҳукуматдорони Эрон низ имрӯз дар бораи вазъияти паҳншавии беморӣ дар кишвар хабар доданд. Роҳбари мақомот оид ба робита бо ҷомеаи вазорати нигаҳдории тандурустии Эрон Киёнуш Ҷаҳонпур дар бораи 43 ҳодисаи сироятшавӣ, ки ҳаштояш сабаби марг гардид, иттилоъ дод.
Акс EPA-EFE








ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иттиҳоди Аврупо «Мета»-ро ба нақзи қоидаҳои ҳифзи кӯдакон дар Инстаграм ва Фейсбук айбдор кард
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Дар Норвегия истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони то 16-сола манъ карда мешавад
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркия уҳдадор мешаванд синни худро тасдиқ намоянд
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
Австрия нақша дорад, ки дастрасии кӯдакони то 14-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ намояд
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»






