Дар Пекин изҳор намуданд, ки шояд манбаи эпидемияи коронавирус дар Чин набошад
ДУШАНБЕ, 27.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сарчашмаи нахустини тавлиди эпидемияи коронавирус эҳтимол дар Чин набошад. Дар ин бора зимни инишасти матбуотӣ роҳбари комиссияи махсус оид ба муқовимат бо паҳншавии илтиҳоби шуши Кумитаи давлатии тандурустии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжун Наншан хабар дод, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.
«Вақте мо пешгӯӣ мекунем ва дар бораи эпидемия андеша меронем, мо сараввал Чинро ба инобат мегирем ва дигар кишварҳоро сарфи назар месозем. Алҳол дар хориҷа низ вазъияти паҳншавии коронавирус вуҷуд дорад,- гуфт Чжун Наншан. Зуҳури ин беморӣ бори аввал дар Чин маънои онро надорад, ки макони аввалааш низ ин ҷост».
Тавре қаблан ҳукуматдорони Чин гуфтанд, сарчашмаи нахустини коронавирус ҳанӯз муқаррар нашудааст, аммо эҳтимол аст, ки паҳнкунандаи асосии он кӯршабпаракҳо ва ғайримустақимаш сусморҳоянд.
То ба имрӯз қурбониёни бемории коронавирус дар Чин 2744 нафарро ташкил дода, 32,4 ҳазор нафарашон шифо ёфтаанд, шумораи мубталогаштагон аз лаҳзаи аввал ба 32,4 ҳазор расидааст.
Акс аз бойгонӣ








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






