Донишгоҳи давлатии геодезӣ ва харитасозии Москва бо донишгоҳҳои Тоҷикистон ҳамкорӣ ба роҳ мемонад
ДУШАНБЕ, 25.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 24 феврал аз ҷониби ректори Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон Нуралӣ Салихов ва ноиби ректор оид ба корҳои илмии Донишгоҳи давлатии геодезӣ ва харитасозии Москва Алексей Степанченко шартнома оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти донишгоҳ иттилоъ доданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкории тарафайн баррасӣ шуданд.
Яке аз самтҳои фаъолияти муштарак- ин ташкил ва иштирок дар чорабиниҳои якҷояи илмӣ-таълимӣ, мубодилаи афкори академии муаллимон, олимони ҷавон ва донишҷӯён мебошад.
Донишгоҳи давлатии геодезия ва харитасозӣ — муассисаи олии таълимии Москва аст, ки муҳандисони геодезия, харитасозон, наворгирандагони фазо, меъморон ва ғайраҳоро омода месозад.
Донишгоҳ соли 1930 дар натиҷаи навсозии Институти заминсозӣ дар Москва таъсис ёфтааст. Он дар заминаи шуъбаи геодезӣ Институти геодезии Москва таъсис гардид.








Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд






