ФУТБОЛ: имрӯз «Хуҷанд» бо дастаи «Нефтчӣ» рақобат мекунад

Февраль 26, 2020 09:34

ДУШАНБЕ, 26.02.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз  дорандаи медалҳои нуқраи чемпионати Тоҷикистон-дастаи футболи «Хуҷанд»-и  шаҳри Хуҷанд дар доираи плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 бозии ҷавобиро дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри  Душанбе  ба муқобили дастаи футболи  «Нефтчӣ»-и Қирғизистон баргузор мекунад. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар сурати пирӯзӣ  дастаи футболи  «Хуҷанд» ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи гурӯҳии ин мусобиқаи қитъавӣ мушарраф шуда, дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон, «Олтин Асир»-и Туркманистон  ва «Дордой»-и  Қирғизистон рақобат мекунад.

Дастаи футболи «Хуҷанд»-и  Хуҷанд аввалин бозияшро  19 феврал  дар доираи плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 дар сафар ба муқобили дастаи «Нефтчӣ»-и Қирғизистон баргузор намуда, бо ҳисоби 1:0  мағлуб шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи «Хуҷанд»-и Тоҷикистон бозии ҷавобиро дар плей-оффи Ҷоми  Конфедератсияи футболи Осиё-2020 26 феврал, соати 16:00, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри  Душанбе бо дастаи «Нефтчӣ»-и Қирғизистон баргузор мекунад.

Февраль 26, 2020 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд