ХИЗМАТРАСОНИҲОИ МАҶМӮӢ БАРОИ МОДАР ВА КӮДАК. Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи нахустини кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи мазкур баргузор гардид

Февраль 25, 2020 15:10

ДУШАНБЕ, 25.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. 25 феврал дар ҳузури муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода ҷаласаи нахустини кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмўӣ барои модар ва кўдак»-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори ҷаласаи мазкур роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашт, Файзобод ва намояндагони гурўҳи идоракунии Лоиҳа низ иштирок намуданд.

Муовини Сарвазир Ширин Исматуллозода дар оғози ҷаласа   ёдовар шуд, ки амалисозии лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак» дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2018, №1169 «Дар бораи лоиҳаи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд дар муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои таҷрибавии Рашту Файзободи тобеи ҷумҳурӣ ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон» оғоз гардидааст.

«Ҳадафи Лоиҳа беҳтар гардонидани фарогирии занон ва кўдакон ба хизматрасониҳои босифати кумаки аввалини тиббию санитарӣ мебошад, ки ин бори дигар аз ғамхорию дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани хизматрасониҳои босифату муосири тиббӣ ба аҳолии мамлакат шаҳодат медиҳад», — зикр намуд ӯ.

Бино ба маълумоти муовини Сарвазир, кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравии зикршуда бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 октябри соли 2019 тасдиқ шудааст.

Дар ҷаласа иттилоъ дода шуд, ки лоиҳа тавассути беҳтаркунии банақшагирӣ ва тақвияти захираҳои инсонӣ бо таҳияи стратегияи банақшагирӣ ва тақсимоти дурусти кадрҳо барои ноҳияҳои зерҳадаф, вориднамоии системаи самараноки беморон байни кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва беморхонаҳо, ҳамгироии барномаҳои амудӣ ба сохтори кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, мукаммалнамоии системаи беҳтаркунии муттасили сифат дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ ва таъсиси системаи назорати устодӣ,   маблағгузорӣ дар асоси табобат,   мукаммалсозӣ ва беҳтаркунии инфрасохтор дар беморхонаҳо ва муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ба туфайли сохтмон ва таъмири иншоотҳо, таъминот бо таҷҳизот ва мебели тиббӣ, беҳтаркунии системаи идоракунии таҷҳизот ва тақвияти иқтидори мутахассисон оид ба хизматрасонии техникии таҷҳизот дар беморхонаҳои ноҳияҳои зерҳадаф амалӣ сохта мешавад.

Хотиррасон мешавем, ки маблағи умумии лоиҳа 35,2 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки аз ин маблағ 3,2 миллион доллар саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Амалисозии лоиҳаи мазкур аз 29 марти соли 2019 оғоз гардида, то 31  августи соли 2025 идома хоҳад ёфт.

Февраль 25, 2020 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»