«ХОНАИ БЕКИТОБ МИСЛИ РӮЗИ БЕОФТОБ АСТ…». Ва ё имрӯз интернет бархе аз ҷавонони моро танбал ва беҳавсала намудааст
ДУШАНБЕ, 29.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Нақл мекунанд, ки Абуалӣ ибни Сино подшоҳи Сомониён Нуҳ ибни Мансурро табобат кард ва ӯ шифо ёфт. Нуҳ ибни Мансур аз Ибни Сино пурсон шуд, ки дар ивазаш ба ӯ чӣ туҳфа кунад. Ибни Сино дар ивази хизматаш аз подшоҳ хоҳиш намуд то ӯро барои даромадан ба китобхона иҷозат диҳад. Подшоҳ дарҳол ин хоҳиши ӯро пазируфт ва ӯро ба китобхони бузурги дарбор роҳ доданд.
Китобхона хонаи дуюми «Сивон-ул-хикмат» — Ибни Сино гардид ва дар тӯли 3 соли омӯзиш дар он ҷо ӯ нобиға гардид. Ҳатто он қадр мутолиаҳои тӯлонӣ дошт, ки гоҳо ӯро дар байни рафҳои китоб хоб мебурд ва баъзе мушкилоту нофаҳмиҳояшро дар хоб ҳал менамуд…».
Муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷалолиддин НУРЗОДА андешаҳояшро дар бораи нақши китобу мутолиа ва китобхонаҳо дар ҷомеа бо овардани ин ҳикоят оғоз кард. Номбурда дар идома мулоҳизаҳояшро дар ин бора чунин баён намуд:
— Мояи ифтихору шукргузорист, ки бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе китобхонаи бошукӯҳ, ки дар минтақа назир надорад, бунёд гардид. Ин махзани маърифат дари худро ба рӯи муштариёнаш боз намуд. Ин иқдоми нек барои ҷавонони хушбахти замони истиқлолият туҳфаи беназири таърихӣ аст.
Мехоҳам оид ба китоб ва нақши китобхона дар ҳаёти гузаштагонамон ибрози назар намоям.
Бузургон мегӯянд, ки «Хонаи бекитоб мисли рӯзи беофтоб аст». Дарвоқеъ агар рӯзе офтоб надурахшад ё дар фасли ҳосилпаз тулӯъ накунад, ҳатман ҳамаи меваҳои дарахтон хому талх ва нохӯрданибоб мемонанд. Ҳамзамон дар ҳар хона ва ё дар ҳар ҷомеаву давлате, ки китоб ва ё китобхона набошад, ҳатман ҷавонони он хому норасида мемонанд.
Агар мо ҷавононро ба китобхонаву китобхонӣ ҷалб намоем, дар ин сурат, бешак гуфта метавонем, ки онҳо ҳамҷун қувваи созанда ба камол мерасанд. Зеро китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, махзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, хосса ойинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст.
Барои файлҳои кампютерамонро аз вирусҳои корношоям эмин доштан моро зарур аст, ки компютерамонро бо антивируси Касперский муҷаҳҳаз гардонем.
Ба китобхона рафтану китоб хондан, назири ҳамон антивируси Касперский аст, ки файлҳои бунёдкори афкори моро аз вирусҳои аз ҷониби ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ паҳнгардида эмин нигоҳ медорад ва нақшаи бадхоҳонро ба монанди нақши рӯйи об нобуд месозад.
Дар замони муосир бо пешрафти илму техника ва пахши як тугмача аз тариқи шабакаҳои интернетӣ мо аз китобхонаҳои электронӣ аз набзи сайёра бохабар гардида, иттилоъ мегирем.
Бо вуҷуди ин қадар шуҳрати бузург касб карданаш интернет натавонист, ки фазилат ва қимати китобу китобхонаро коста намояд.
Зеро одатан дар ҳар асру замон падидаи ҷадид қимати падидаи қадимро аз байн мебарад. Лекин интернет натавонист қимати китоб ва китобхонаро аз байн барад.
Чуноне ки гуфтем, дар замони муосир техникаю технология ба нуқтаи кулминатсионӣ расидааст. Масалан, компютер назар ба инсон миллион маротиба пештар ва дақиқу амиқтар мисолҳои математикиву физикиро ҳал менамояд.
Вале, вақте ки суол пайдо мешавад, оё компютер бузургтар аст ё инсон, ҳатман дар посух ҳама иттфоқи назар ба бузург будани инсон доранд. Зеро компютер бо вуҷуди он ҳама фазоилаш маҳсули тафаккури инсон аст.
Бартарии асосии китоб аз компютер он аст, ки муштарии илму дониш соатҳои тӯлонӣ ҳам ки китоб хонад, хастагиро ҳис намекунад. Вале дар назди комтютер барои мутолиа дар як соат хастагиро ҳис мекунад ва ҳамзамон чашмони инсонро дардманду бо мурури замон биноишро кам мекунад.
Қобили ёдоварист, ки на ҳамаи ҷавонони мо фарҳанги хуби истифодаи компютер ва интернетро медонанд.
Аксарияти онҳо барои истифодаи оқилона аз он неву балки барои тамошои манзараҳои ғайриахлоқӣ вориди он мешаванд, ки он ба ахлоқу одоб ва донишу маърифати онҳо нақши манфӣ мегузорад.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд:
«Дар чунин шароит ва дар замоне, ки таблиғи аъмоли зишт ва ба фарҳанги миллии мо бегона аз тариқи воситаҳои иттилооти ҷаҳонӣ ва барномаҳои телевизиони хориҷӣ афзоиш ёфтааст, мо бояд тарбияи ахлоқиро дар навбати аввал гузорем».
Дар ҳамин замина ёдовар мешавем, ки имрӯз интернет ҷавонони моро танбал ва беҳавсала намудааст. Борҳо мушоҳида намудаем, ки агар барои донишҷӯи мо аз ҷониби муаллим супорише, ба монанди навиштани реферат дар ягон мавзӯъ дода шавад, ӯ ҳатман ба назди интернет нишаста, номи мавзӯъро дар онҷо менависад ва дар як лаҳзаи кӯтоҳ онро омода намуда, ба муаллим месупорад ва ҷони худро халос мекунад.
Бо ин иқдом донишҷӯ ҳам худаш ва ҳам муаллимро фиреб медиҳад, ки ин ҷойи таассуф аст. Агар он мавзӯъро аз китоб мехонд, дар тафаккураш абадӣ мисли нақш дар санг мемонд.
Бо ин далелҳои овардаам гуфтанӣ нестам, ки интернет ҷизи бадест, аз он набояд истифода бурд. Албатта, техналогияи муосирро хуб аз бар намуда, онро мақсаднок ва бо фарҳанги баланд барои рушди зеҳнӣ ва кору пайкорамон бояд истифода барем.
Аз қадимулайём бузургони мо муҳаббати беандоза ба китобу китобхона доштанд. Ин пайкори некашон буд, ки шуҳрати ҷаҳонӣ ва зиндагии ҷовидониро ба худ касб карданд.
Аз ин гуфтаҳо ба мо маълум мегардад, ки бузургони мо чӣ қадар муҳаббати беандоза ба китобу китобхона доштанд.
Саъдии Шерозӣ, замоне ки дар мадрасаи Низомияи Бағдод мехонд, мегӯяд, ки замоне, ки донишҷӯ буд, шабу рӯз такрор ва мутолиаи китоб мекард. Аз даргузашти он рӯзҳо афсӯс хӯрда, чунин мегӯяд.
Маро дар Низомия идрор буд,
Шабу рӯз талқину такрор буд.
Қазо рӯзгоре зи ман даррабуд,
Ҳар он соати ӯ шаби қадр буд.
Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли гузашта инҷониб Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мешавад. Соли гузашта дар ин озмун ҷавонон иштирок намуда, ҳамаро бо шеърдонию шеърхониашон дар ҳайрат гузоштанд.
Банда аз ин ифтихор намуда, боварӣ ҳосил намудам, ки мо ворисони гузаштагони дорои фарҳанги пурғановатамонем. Агар кӯшиш кунем, мисли онҳо нобиға шуда, шуҳрати ҷаҳонӣ касб мекунем.
Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҳамаи тадбирҳои заруриро андешидааст. Намоиши китобро аз рӯйи панҷ номинатсияи озмун таъсис дода, китобҳоро дар шакли электронӣ ва асл манзури иштирокчиёни озмун намудааст. Ва толори махсусро бо шахсони масъул барои маълумотгирӣ ва рақами телефон омода намудааст. Аз ҳамаи иштирокчиёни озмун ва муштариёни илму дониш даъват мешавад, ки «Биёеду китоб хонед!».
Ман бо боварии комил мегӯям, ки агар мо аз ин китобхона оқилона истифода кунем, солҳои наздик боз ба ҷаҳониён мисли Ибни Сино ва Абӯрайҳони Берунӣ нобиғагон туҳфа хоҳем кард.
Андешаҳои худро бо суханони пурмуҳтавои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба поён мерасонам: «Китоб дар радифи модар ва Ватан арзандатарин муқаддасот ба ҳисоб меравад».