Имрӯз 54 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳавопаймои «Сомон Эйр» ба Ватан баргардонида шуданд
ДУШАНБЕ, 11.02.2020/АМИТ «Ховар»/. Бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 54 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла 45 нафар донишҷӯён аз шаҳри Вуҳани Ҷумҳурии Мардумии Чин, маркази пайдоиши коронавирус, ба Ватан баргардонида шуданд. Ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр», ки дирӯз бо ин мақсад ба Чин парвоз карда буд, имрӯз соати 6-и субҳ дар Фурудгоҳи низомии «Айнӣ», воқеъ дар 15-километрии Душанбе, фуруд омад, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Шаҳрвандони аз Чин баргаштаро кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳӣ намудаанд.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар доданд, шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки аз Вуҳан баргардонида шуданд, ду гуруҳи табибон қабул намуданд. Ин шаҳрвандон муддати ду ҳафта дар карантин ва ё зери назорати табибон хоҳанд буд. Онҳо ҳар рӯз се маротиба бо хӯроки ройгон таъмин карда, чандин маротиба ҳарорати бандан ва вазъи саломатиашон санҷида мешавад.
Ба эҳтимоли зиёд шаҳрвандони баргашта давраи карантини худро дар осоишгоҳи «Харангон»-и ноҳияи Варзоб сипарӣ хоҳанд намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан бо истинод ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Насим Олимзода хабар дода буд, барои пешгирӣ аз сироят ва паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон Ситоди ҷумҳуриявии доимамалкунанда таъсис дода, дар ҳамаи 27 гузаргоҳи марзӣ навбатдории шабонарӯзии табибон ва мутахассисони идораю муассисаҳои дигари дахлдор ташкил карда шудааст. То рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта 645 нафар шахсоне, ки аз Чин ба Тоҷикистон омадаанд, бо карантин фаро гирифта шудаанд. Аксари онҳо донишҷӯён ва соҳибкорон буда, 47 нафарашонро шаҳрвандони Чин ташкил медиҳанд.
Бино ба қавли Насим Олимзода, аз байни шахсони дар карантинбуда то охири ҳафтаи гузашта ягон ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.








КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн






