Лоиҳаи «Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ» ба 431 зан барои ташкили фаъолият кумак кард
ДУШАНБЕ, 07.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ аз ҳисоби маблағҳои грантии Ассотсиатсияи байналмилалии рушд бо мақсади дастгирӣ намудани ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушд ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ таҳия гардидааст. Ин нуктаро 6 феврал зимни нишасти матбуотӣ мушовири Лоиҳаи «Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ»-и Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Боймурод Қурбонов ба хабарнигорон иброз намуд.
Зикр гардид, ки яке аз вазифаҳои асосии лоиҳа- ин иштироки кишоварзон бо маҳсулоти ватанӣ дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ мебошад. Ҳадафи лоиҳаи мазкур баланд бардоштани сатҳи тиҷоратикунонии хоҷагиҳои фермерӣ, маҳсулоти агроистеҳсолӣ ва дастгирии рушди корхонаҳои хурд ва миёна дар сатҳи деҳот тавассути васеъгардонии имконоти дастрасӣ ба маблағгузорӣ ва мустаҳкам кардани иқтидори манфиатгирандагон мебошад.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки соли 2019 42 шартномаи барномаи грантӣ ба имзо расидааст. Шумораи манфиатбарандагон 1051 нафарро ташкил медиҳад, ки аз он 431 нафарашон занон мебошанд.
Муовини директори Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» Ҳусейн Каримов иброз намуд, ки «оид ба дастгирӣ ва такмилдиҳии барномаҳо дар соҳаи кишоварзӣ муассиса бо Донишгоҳи Генти Шоҳигарии Белгия шартнома ба имзо расонидааст. Инчунин онҳо лоиҳаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва ду коллеҷи аграриро дар самти такмил додани барномаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани малакаи омӯзгорон дар ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Ғарб дастгирӣ менамоянд».
Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки соли 2019 ҳайати омӯзгорони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Коллеҷи кишоварзии Мастчоҳ ва Бохтар ба Донишгоҳи Генти Шоҳигарии Белгия сафар намуданд. Онҳо дар курси омӯзишӣ ширкат намуда, соҳиби серфитикати байналмилалии Донишгоҳи номбурда гардиданд.








Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт






