Дар «Боғи Ғалаба»-и Минск Гулгашти дӯстии давлатҳои узви ИДМ бунёд мешавад
ДУШАНБЕ, 17.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Баҳори соли 2020 ба муносибати таҷлили 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар Боғи Ғалабаи шаҳри Минск ба таъсиси Гулгашти дӯстии давлатҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил санги асос гузошта мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар медиҳад.
Масъалаи таъсис додани гулгашт аз ҷониби Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Молдова дар Ҷумҳурии Беларус, Намояндаи доимии ваколатдори Ҷумҳурии Молдава дар назди мақомоти низомномавӣ ва дигар ташкилоти ИДМ Виктор Сорочан пешниҳод ва аз тарафи Шӯрои намояндагони доимии ваколатдори давлатҳои узви Иттиҳод дар назди мақомоти низомномавӣ ва дигар ташкилоти ИДМ, роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус ва Кумитаи иҷроияи шаҳри Минск мавриди дастгирӣ қарор гирифт.
Барои бомуваффақият амалӣ намудани пешниҳоди мазкур кумитаи тадорукот таъсис дода шуд, ки 13 феврал дар қароргоҳи ИДМ лоиҳаи нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба маросими ботантана гузоштани санги асоси гулгаштро баррасӣ намуд.
Гулгашти дӯстӣ рамзе намунаи муносибати дӯстона ва муттаҳидии халқҳои давлатҳои Иттиҳод, хотирае аз Ғалабаи халқҳои шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, нишонае аз шахсоне, ки мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ муваззафанд барои сулҳу оромӣ аз онҳо сипосгузор бошанд, хоҳад буд.
Бунёди Гулгашти дӯстӣ дар Минск дар арафаи таҷлили 75-солагии Ғалаба дорои рамзи махсус аст. Зеро Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар Ғалаба бар он ҳамаи давлатҳои узви ИДМ саҳмгузоранд, маҳз дар сарзамини Беларус оғоз гаридидааст.
Соли 2020 дар доираи Иттиҳоди давлатҳои мустақил 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ эълон гардидааст. Шӯрои сарони давлатҳои узви ИДМ нақшаи чорабиниҳои вобаста ба омодагӣ ва таҷлили солгарди Ғалабаро тасдиқ намудааст. Баргузории зиёда аз 70 чорабинии муштарак, ки дар ҳамаи давлатҳои узви ИДМ дар назар дошта шудааст, дар доираи нақшаи зикршуда сарут мегирад.
ДАР АКС: Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус, Намояндаи доимии ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти низомномавӣ ва дигар ташкилоти ИДМ Маҳмадшариф Ҳақдод ва Раиси Кумитаи иҷроия- Котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев.. Акс аз маркази матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.








Дар Женева 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо тантана ҷашн гирифт
Намояндаи Тоҷикистон дар амалиёти байналмилалии зидди маводи мухаддири Созмони ҳамкории Шанхай «Тор» иштирок намуд
Дар Анқара ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ: 35 соли дӯстӣ ба сӯи шарикии оянда
ТОҶИКИСТОН ВА КОРЕЯ — ДАР МАСИРИ НАВИ РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИДАВЛАТӢ. Сафари расмӣ бо натиҷаҳои арзишманд
Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо роҳбари Маркази энергияи тозаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодию молиявии Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо губернатори Маномаи Подшоҳии Баҳрайн мулоқот намуд
Дар шаҳри Масқат 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Дар Тошканд чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон баргузор шуд
Дар шаҳри Масқат намоишгоҳи фарҳангӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори генералии Фонди рушди Абузабӣ мулоқот намуд






