Миёни иттифоқҳои рассомони Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома ба имзо расид

Февраль 27, 2020 13:45

ДУШАНБЕ, 27.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Раиси «Иттифоқи рассомон»-и Тоҷикистон Наргис Ҳамидова ва Раиси «Иттифоқи рассомон»-и Қазоқистон Умирбек  Жубаниязов чанде қабл зимни мулоқот дар шаҳри Алматои Қазоқистон Созишнома оид ба ҳамкории дуҷониба ба имзо расониданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз «Иттифоқи рассомон»-и Тоҷикистон хабар доданд.

Созишномаи мазкур бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва  дӯстӣ байни рассомони тоҷику қазоқ ва саҳми онҳо дар рушди ин санъати воло, иштироки фаъолона  дар  тарғиби фарҳанги ду давлат ба имзо расид.

Зимни вохӯрӣ  ҷонибҳо оид ба рушди минбаъдаи ҳамкории эҷодӣ дар соҳаи санъати таълимӣ мубодилаи афкор намуданд.

Ин дар ҳолест, ки 24 феврал дар Осорхонаи давлатии санъати  ба номи А. Кастееви шаҳри Алматои Қазоқистон намоишгоҳи  байналмилалии Фонди мустақили занони рассом “Тан-Шолпан”  баргузор гардид. Дар кори он Раиси «Иттифоқи рассомон»-и Тоҷикистон Наргис Ҳамидова иштирок намуд.

Фонди мустақили занони рассом “Тан-Шолпан” соли 1998 бори нахуст ба қайд гирифта шуда буд ва  ҳоло дубора ва бо ҳайати нав ба фаъолияти эҷодии худ шурӯъ намуд.

Айни ҳол ба Фонди мазкур рассомони касбӣ аз Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Австрия, Германия, Канада, ИМА, ки маълумоти олии рассомӣ доранду дар шаклҳои гуногуни санъат: рангу бор, графика, санъати ороишӣ ва ҳайкалтарошӣ асар меофаранд, шомил шудаанд.

Февраль 27, 2020 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид