Мубинҷон Ахмедов соҳиби медали биринҷии Чемпионати Осиё гардид
ДУШАНБЕ, 19.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, аз 18 то 24 феврал дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон Чемпионати Осиё оид ба гӯштини озод ва юнонӣ-римӣ баргузор мешавад. Дар рӯзи аввали ин чемпионат узви дастаи мунтахаби мамлакат Мубинҷон Ахмедов медали биринҷӣ ба даст овард. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, Мубинҷон Ахмедов дар вазни 63кг-и гӯштини юнонӣ-римӣ дар чорякфинал аз варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Ҷинсеуб Сонг, ки медали нуқра ба даст овард, мағлуб шуд. Ӯ сипас дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм бар намояндаи Кувайт Муҳаммад Алаҷмӣ ғалаба кард. Дар ин вазн варзишгари Ӯзбекистон Элмурод Тосмуродов ғолиб шуд. Медали дигари биринҷиро намояндаи Эрон соҳиб гардид. Дар рӯзи аввал, ҳамчунин ду варзишгари дигарамон – Муслиҳиддин Уроқов (77кг) ва Суҳроб Абдулҳаев (87кг) гӯштин гирифтанд, вале аз медал бенасиб монданд.
Имрӯз қувваозмоиҳои гӯштини юнонӣ-римӣ дар 5 вазни дигар идома меёбанд. Варзишгарони мо дар 4 вазн гӯштин мегиранд — Фирӯз Мирзораҷабов (60кг), Зайниддин Қамаров (67кг), Лоиқ Амирхонзода (72кг), Мирзоамин Сафаров (97кг).
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 15 нафар варзишгарон – ҳафтнафарӣ аз рӯи равияҳои гӯштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ, як нафар дар гӯштини бонувон намояндагӣ мекунанд. Дар чемпионат аз рӯи се равия – гӯштини тарзи озод, гӯштини юнонӣ-римӣ ва гӯштини бонувон 275 нафар варзишгарон аз 24 давлати қора иштирок хоҳанд кард.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати калон дар мусобиқаи мазкур иштирок мекунад.
Гӯштини юнонӣ-римӣ
1. Фирӯз Мирзораҷабов (60кг)
2. Мубинҷон Ахмедов (63кг)
3. Зайниддин Қамаров (67кг)
4. Лоиқ Амирхонзода (72кг)
5. Муслиҳиддин Уроқов (77кг)
6. Суҳроб Абдулҳаев (87кг)
7. Мирзоамин Сафаров (97кг)
Сармураббӣ – Фаррух Беков
Гӯштини озод
1. Ҳикматулло Воҳидов (57кг)
2. Муҳаммад Икромов (61кг)
3. Ҷамшед Шарифов (65кг)
4. Ғуломҷон Шарифов (74кг)
5. Баҳодур Қодиров (86кг)
6. Искандари Рустам (97кг)
7. Фарҳод Анақулов (125)
Сармураббӣ – Абдурозиқ Олимов
Гӯштини бонувон
1. Ватансултон Шакаршоева (53кг)
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






